Дар Колумбия кормандони мақомоти полис зимни гузаронидани корҳои тафтишотӣ аз қочоқгарон ба қариб 2 тонна маводи мухаддир дарёфт ва мусодира намуданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», амалиёт дар бандари Буэнавентура, воқеъ дар минтақаҳои наздисоҳилии мамлакат дар уқёнуси Ором сурат гирифт. Аз ин миқдор 1,5 тоннааш какаин буда, арзиши он дар бозори сиёҳ 43,5 миллион долларро ташкил медиҳад. Ҳамчунин аз қочоқгарон ба миқдори 480 килограмм маводи махсус барои омоданамоии маводи мухаддир дарёфту мусодира гардид.
Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол кормандони мақомоти полиси Испания ҳам аз як кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан хавфнок пешгирӣ кардаанд. Киштии ҳомили маводи мухаддир тахти парчами Конго ҳаракат мекардааст. Маводи мусодирашуда навъи ҳашиш буда, вазни он 16 тоннаро ташкил медиҳад. Арзиши ин бори марговар дар бозори сиёҳ 24 миллион евро тахмин зада мешавад. Бо ҷурми интиқоли ин бори марговар 9 нафар бо шумумли 6 шаҳрванди Сурия ва 3 шаҳрванди Ҳиндустон дастгир карда шуданд.




16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста