Дароз кардани муҳлати президентӣ, поин бурдани синни номзадӣ ва таъсиси мақоми ду ноиби раисҷумҳур яке аз тағйироти аслӣ дар Қонуни асосии Озарбойҷонанд.
Бино ба иттилои сомонаи нашрияи «Фараж», бар пояи қонунгузорӣ, раъйпурсии ин кишвар баргузоршуда эълон гардид, зеро дар он беш аз 25%-и раъйдиҳандагон иштирок кардаанд. Рӯзи 26 сентябри соли равон дар Озарбойҷон барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии ин кишвар раъйпурсӣ гузаронида шуд.
Шаҳрвандон дар 5 ҳазору 627 нуқтаи овоздиҳӣ раъй дода, раванди овоздиҳиро 53 ҳазору 531 нозир мушоҳида карданд. Шумори шаҳрвандоне, ки ҳаққи додани раъйро доранд, ба беш аз 5 миллион нафар мерасад.
Қонуни асосии Озарбойҷон алакай ду бор, солҳои 2002 ва 2009 иваз шудааст. Ин бор раъйдиҳандагон маҷбур набуданд, ки ба ҳамаи пешниҳодҳо “ҳа” ё “не” бигӯянд, балки метавонистанд, пешниҳодҳои алоҳидаро қабул ё рад кунанд.
Ба назари нозирон, ҳадафи аслии бештари иловаҳо мустаҳкам кардани қудрати оилаи ҳукумрон ва худи президент Алиев аст. Аз ҳама тағйироти муҳим ин дароз кардани муҳлати президентӣ аз 5 то ба 7 сол аст.
Президенти кунунӣ Илҳом Алиеви 54-сола, ки соли 2003 қудратро аз падари бемораш ба "мерос" гирифтааст, се бор дар интихоботҳои 2003, 2008 ва 2013 баранда эълон шудааст ва давраи раёсати он қарор аст, соли 2018 ба поён расад. Синну соли миёнаи номзад ба мақоми президентӣ, ки феълан 35-сола аст, лағв ва синни номзадҳо ба порлумон аз 35 то 18 коҳиш дода шуд.
Коршиносон ба ин назаранд,ки тағйироти мазкур маҳз барои писари президенти Озарбойҷон Ҳайдар Алиеви 18-сола сурат гирифт.
Дар ҳамин ҳол, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Озарбойҷон раъйпурсиро баргузоршуда эълон кардааст.




Ҳабси абади 3 тан ва то 25 соли зиндони 23 каси дигар барои таҷовуз ба номус дар Суғд
Саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ: Ҳабси 27 ҷавон ва ҷаримаи 69 тани дигар
Кумитаи дин: Ифтор манъ нашудааст, вале дар он исроф накунед
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 30
Мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистону Қазоқистон бобати рушди ҳамкориҳо ба мувофиқа расиданд
Тоҷикистону Эрон тасмим гирифтанд, ки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро густариш диҳанд
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 феврали соли 2026
“Бебокиаш сабаб шуд, ки...”. Ёдбуди адиб Алӣ Бобоҷон дар Душанбе
Мусодираи 58 кг маводи мухаддир аз ду сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста