Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп нахустин мулоқоташро бо Поп Франсис рӯзи чоршанбе дар Ватикан анҷом дод. Мулоқоти онҳо 30 дақиқа идома дошт.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, баъди сӯҳбати хусусӣ бо Поп, Трамп ва ҳамсари ӯ Меланиа , намояндагони дигари хонаводаи президент, Котиби Давлатии Амрико Рекс Тиллерсон ва Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед Макмастер барои фурсати як акси таърихӣ ҷамъ шуданд.

1/10

Дар Рум ҳамчунин Трамп бо президенти Италия Серҷио Маттарелла ва нахуствазир Паоло Ҷентилонӣ мулоқот кард.

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 23 май аз Исроил ва Каронаи ғарбии рӯди Урдун ба Италия рафт. Ӯ дар он ҷо гуфт, ки агар Исроил ва Фаластин ба тавофуқ бирасанд, раванди сулҳ дар саросари Ховари Миёна оғоз хоҳад шуд.

Трамп нахустин силсилаи сафарҳояш ба хориҷи кишварро рӯзи 21 май аз Арабистони Саудӣ оғоз кард ва дар нишасти раҳбарони кишварҳои мусалмонӣ иштирок намуд.

Баъдан Трамп барои гуфтугӯ бо раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва НАТО озими шаҳри Брюссел мешавад. Трамп имрӯз барои иштирок дар саммити бузургтарин кишварҳои пешрафтаи саноатии "Ҳафтгонаи бузург" дубора ба Итолиё бар мегардад.