Президент Доналд Трамп хориҷ шудани ИМА-ро аз созишномаи Париж дар бораи мубориза бо гармшавии иқлим эълон кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, зери ин созишнома 22 апрели соли 2015 дар Париж даҳҳо кишваре имзо гузоштанд, ки бо газҳои гулхонаии худ муҳитро олуда мекунанд.

Гуфта мешавад, мавқеи ИМА дар робита ба созишномаи Париж бо Сурия ва Никарагуа ҳамсон аст, ки аз имзои санад худдорӣ карданд.

Зикр мегардад, ки дар Иёлоти Муттаҳида шумори муборизони тағйирёбии иқлим кам набудааст. Ҳатто ширкатҳои ангишт, ки масъули олудагии муҳит дониста мешаванд, ба президент Трамп муроҷиат карданд.

Аз ҳама боҷуръаттар миллиардери амрикоӣ, ҳаммуассиси ширкатҳои маъруфи ҷаҳон Tesla, SpaceX, PayPal ва ҳамзамон мушовири президенти ИМА Илон Маск назари худро баён доштааст.

Ӯ дар посух ба суоли ин ки агар ИМА аз созишномаи Париж хориҷ шавад, чӣ хоҳад кард, гуфтааст, "ба ҷуз хориҷ аз шӯрои назди Кохи сафед, гузинаи дигареро намебинам".