Ҳукумати Афғонистон имрӯз, сешанбеи 3-уми ноябрро бар пайи ҳамлаи хунини рӯзи гузашта ба Донишгоҳи Кобул рӯзи Мотами миллӣ эълон кардааст. Ба иттилои шабакаи телевизиони “Тулуънеюс”, дар ин ҳамла 19 нафар куштаву 22 тан захмӣ шудааст, ки аксари онҳо донишҷӯёни ин донишгоҳ мебошанд. Масъулияти ин ҳамларо гуруҳи террористии ДИИШ ба дӯш гирифтааст.
Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раисҷумҳури Афғонистон дар саҳфаи Твиттераш навиштааст, ки “ба тамоми вилоятҳо ва намояндагиҳои сиёсии Афғонистон дар берун аз кишвар дастур медиҳад то бар пояи маросимҳои сӯгворӣ ва хатми Қуръони азимушаън азодорӣ намоянд”.
Раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ шоми душанбе, дар як суханронии телевизионӣ ин ҳамларо маҳкум кард ва онро ҷиноят алайҳи башарият номид ва гуфт, "интиқоми ин ҳамларо чанд баробар хоҳем гирифт".
Ӯ дар ин суханронияш гуфт: "Ба Толибон ва ба ҳама гуруҳҳои террористӣ мегӯям, ки шумо бо ин амалҳоятон иродаи мардуми Афғонистонро идора карда наметавонед. Душманони Афғонистон ва ҷонибдорони онҳо бояд бидонанд, ки мо ҳеҷ гоҳ дар баробари ваҳшату золимӣ сар хам накардаем. Ман ба тавоноӣ ва ҷасорати нерӯҳои амниятӣ боварӣ дорам”.
Ба иттилои расонаҳои Афғонистон, сухангӯи гуруҳи Толибон ин ҳамларо маҳкум карда, даст доштани гуруҳро дар ин ҳамла рад кардааст.
Афроди мусаллаҳ дирӯз, тахминан соати 12 бо вақти маҳаллӣ ба Донишгоҳи Кобул, ба як маросими китоб ҳамла карданд. Даргириҳо миёни муҳоҷимон ва пулис шаш соат идома кардааст.
Ба иттилои расонаҳо, дар як даҳаи ахир ин дувумин ҳамла ба марказҳои омӯзишӣ дар Кобул аст. Ҳафтаи пеш як муҳоҷими интиҳорӣ ба як маркази омӯзишӣ дар ғарби Кобул ҳамла карда буд, ки дар он ҳодисаи террористӣ 30 тан ҷон бохтаву 80 тани дигар захмӣ шуда буданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Афзоиши ҷарима барои ронандаҳо. Барои кадом қонунвайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ чӣ қадар зиёд шуд?
Ҳунармандони “андозгурез”. Санъаткорон беш аз 660 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздор будаанд
Аввалин қатораи санҷишии борбар аз Чин ба Тоҷикистон раҳсипор шуд
Ҳабси абади 3 тан ва то 25 соли зиндони 23 каси дигар барои таҷовуз ба номус дар Суғд
Саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ: Ҳабси 27 ҷавон ва ҷаримаи 69 тани дигар
Кумитаи дин: Ифтор манъ нашудааст, вале дар он исроф накунед
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 30
Тавассути роҳи оҳан байни Тоҷикистону Қазоқистон қариб 6 млн тонна бор кашонида шудааст
Соли гузашта тиҷорат байни Тоҷикистону Эрон 28% афзудааст
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста