Шабакаи иҷтимоии Твиттер ҳисоби корбарии Доналд Трамп раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро муваққатан баст. Дар ин бора дар як навиштаи расмӣ дар саҳифаи расмии Twitter Safety омадааст.
Ин шабака эълом кардааст, ки ҳисоби корбарии Трампро барои 12 соат ба далели твитҳое, ки аксаран дар рӯзи чаҳоршанбе дар бораи интихобот нашр кардааст, масдуд мекунад.
Твиттер гуфтааст, ки "ба далели ҳаводиси хушунатбори бесобиқаи ҷорӣ дар Вашингтон, мо дархост кардем , ки ҳисоби корбарии @realDonaldTrump, се твитти пештар нашркардаашро бинобар мухолиф ба сиёсати саломати ахлоқии мо будан ҳазф кунад. Ин ба он маъност, ки баъди ҳазфи ин се твит ин ҳисоб барои 12-соати оянда дастнорас хоҳад буд",-изҳорот додааст Твиттер.
Ҳарчанд ширкати Твиттер нагуфтааст, ки Тармп бояд кадом твитҳояшро ҳазф кунад, вале гуфтааст дар сурати такроран поймол кардани қоидаҳои саломати ахлоқии мо ҳисоби Тармпро барои муддатҳои номуайяне мебандад.
Бояд гуфт, ки саҳфаи расмии президенти барҳоли ИМА Доналд Трамп дар ҳоли ҳозир бештар аз 88 миллион обуначӣ дорад ва дар пасманзари ҳаводиси ҷории рӯзҳои ахир Трамп дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста