Вашингтону Урушалим ба як тавофуқе даст ёфтаанд, ки ИМА дар пасманзари даргириҳои Исроилу Фаластин ба Исроил бо қимати 735 миллион доллар силоҳ мефурӯшад. Дар ин бора Jerusalem Post 17-уми май хабар дод.
Ин тавофуқ аз сӯйи раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден ҳам пазируфта шудааст. Дар ин бора рӯзномаи The Washington Post ҳам навиштааст. Нашрия навиштааст, бархе аз демократҳои Конгресси ИМА аз фурӯши аслиҳа ба Исроил нигарон ҳастанд. Ба бовари онҳо, фурӯши аслиҳа метавонад, вазъи Шарқи Наздикро печидатар гардонад.
The Washington Post навиштааст, ки Исроил силоҳҳое дорад, ки дақиқ ба ҳадаф мерасанд.
Гуфта мешавад, ки дар ин доду гирифт қабл аз ҳама сухан сари мушакҳои дақиқ ва ҷангафзорҳои вижа меравад.
Ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза аз 10-уми май то ин замон идома доранд. Мақомоти Фаластин гуфтанд, аз 10 май то имрӯз дар Ғазза 192 кас, аз ҷумла 58 кӯдак ҷон бохтааст. Дар Исроил дар даргириҳо 10 кас фавтидааст.
То кунун талоши ҷомеаи ҷаҳонӣ барои барқарории сулҳ ҳанӯз натиҷае наовардааст. Дирӯз Созмони ҳамкориҳои исломӣ ҳам ҷаласаи изтирории Кумитаи иҷроияашро баргузор кард ва дар он як қатъномае қабул кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Фурӯпошии қудрати мувозӣ дар Қирғизистон
Қариб 250 млн сомонӣ ришва танҳо дар БДА. Оҷонсии зиддифасод ниҳодҳои фасодзадаи Тоҷикистонро гуфт
Соли гузашта содироти ангур аз Тоҷикистон ба Русия 25% зиёд шудааст
Вазири тандурустӣ гуфт, табибони халқӣ чӣ гуна бояд фаъолият кунанд
Бекор шудани 601 млн сомонӣ қарзи аҳолӣ. “Шабакаҳои тақсимоти барқ” мегӯяд, дурустии қарзи солҳои пешинро месанҷад
Ҳукумати Русия аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷиронро дар Тоҷикистон тасдиқ кард
“Поянда бод забони порсӣ!” Нигина Амонқулова барандаи ҷоизаи “Қанди порсӣ” шуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 28
Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии S&P як зина беҳтар шудааст. Ин чӣ маъно дорад?
Бо гузашти 4 сол ҳанӯз барномаи “Ислоҳнигорӣ” омода нашудааст. Кумитаи забон боз чӣ баҳона пеш овард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста