Шабакаи Тулӯънеюс бо нашри як видео дар бахши телеграми худ, навиштааст, ки Довуд Лағмонӣ, раиси вилояти Ғазнӣ ба гуруҳи "Толибон" таслим шудааст. Довуд Лағмонӣ яке аз чеҳраҳои ҷанҷоли чанд моҳи ахири Афғонистон аст. Худи вилояти Ғанӣ, ки умдатан як вилояти ҳазоранишин аст ба тасарруфи Толибон даромадааст.
Моҳи майи имсол Муҳаммад Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури Афғонистон, Довуд Лағмониро волии влояти Форёб дар шимоли ин кишвар таъин карда буд, ки бо эътирозҳои густардаи мардум рӯ ба рӯ шуд.
Аммо манбаъҳои дигари расонаии Афғонистон навиштаанд, ки Лағмонӣ вилоятро ба "Толибон" таслим кардаасту худаш ба Кобул фирор кардааст.
Мардуми Форёб бо баргузор кардани эътирозҳои хеле густарда нагузоштанд, ки Лағмонӣ ба фаъолият оғоз кунад ва ӯ пас аз қарор гирифтан дар идораи амнияти ин вилоят, баъди се рӯз ба Кобул баргашт ва воли Ғазнӣ таъин шуд.
Толибон ҳамлаҳояшонро ба Ғазнӣ шаби гузашта оғоз карда буданд ва то зуҳри имрӯз ба ҷуз қароргоҳи артиш дар ин вилоят дигар тамоми ниҳодҳоро тасарруф карда буданд ва пас аз зуҳр вилоятро комилан ғасб карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста