Нашрияи амрикоии "Политико" хабар додааст, ки Амрико бар пайи ҳамлаҳои ахири "Толибон" ба дунболи бастани сафоратхонааш дар Кобул аст.
Ин нашрия аз қавле се манбаи огоҳ аз қазия дар дохили ҳукумати ИМА навиштааст, ки "давлати Амрико дар ҳоли баррасии чандин гузина, аз ҷумла эҳтимоли бастани сафорати худ дар Кобул аст".
Як манбаи огоҳ аз Вазорати корҳои хориҷии ИМА ба нашрияи "Политико" гуфтааст, ки "мо таҳдидҳои амниятиро барои тасмимгирӣ дар мавриди амнияти коркунони худ дар сафорат дар Кобул арзёбӣ мекунем".
Як манбаъ ба нашрия бо ишора ба ин ки, сафоратхонаи Амрико дар Кобул эҳтимол дорад дар поёни моҳи ҷорӣ тахлия (холӣ) шавад гуфтааст, ки ҳамчунин гуфтугӯҳо дар давлат дар бораи ин низ аст, ки ба чи теъдод корманд дар Кобул ниёз аст.
Вазорати хориҷаи ИМА ҳам гуфтааст, ки "мавқеи мо тағйир накардааст ва дар мавриди афроде, ки дар сафорати мо машғули хидмат ҳастанд, низ тасмимҳое хоҳем гирифт, то онҳоро амн нигоҳ дорем".
Ин дар ҳолест, ки ки шоми чоршанбе, як мақоми вазорати дифои амрико бо нақл аз манобеи истихборотии ин кишвар ба хабаргузории "Ройтерз" гуфтааст, ки гуруҳи "Толибон" метавонанд пойтахти Афғонистонро дар зарфи 30 рӯз муҳосира ва дар 90 рӯз тасарруф кунанд.
Толибон то кунун марказҳои бештар аз 9 вилояти Афғонистонро дар шимол ва шимолу шарқи ин кишвар тасарруф кардаанд ва гуфта мешавад, ки наздик ба дусад вулусволиро низ дар сар то сари Афғонистон дар ихтиёр доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста