Забеҳуллоҳ Муҷоҳид - сухангӯйи пешини гуруҳи "Толибон" вазири фарҳанг ва иттилооти Афғонистон таъин шуд. Дар ин бора бархе аз расонаҳои Афғонистон хабар додаанд.
Телеграмканали телевизиони Тулуънеюс дар як хабари кӯтоҳ хабар дод, ки "Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба унвони вазири фарҳанг ва иттилоот муаррифӣ шуд".
Расонаҳои Афғонистон менависанд, ки Толибон ҳамчунин вазири сиҳати омма ё тандурустияшонро низ таъин кардаанд ва дар чанде аз вилоятҳои волиёнашон низ ба кор пардохтаанд.
Ҳамчуни дар шаҳри Кобул омирони амниятии ҳавзаҳои гуногуни ва пулисро низ таъин кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки гуруҳи "Толибон" мегӯянд, ки мунтазири натиҷаи музокироти раҳбарони сиёсияшон бо сиёсатмадорони Афғонистон мемонанд ва сохтори низом ва навъи низомро онҳо мушахаас мекунанд.
Аммо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, дирӯз баъди ворид шуданаш ба Кобул ба унвони сухангӯйи ин гуруҳ гуфт, ки навъ ва сохтори давлат баъдан маълум мешавад, аммо "ҳукумати ояндаи Афғонистон як ҳукумати қавии исломӣ хоҳад буд".
Дар ҳамин ҳол, Анас Ҳаққонӣ - узви ҳайати музокиракунадаи "Толибон" дар Қатар ба Кобул омадву бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ҳомид Карзай муллоқот кардааст. Ин дидор дар хонаи Абдуллоҳ Абдуллоҳ сурат гирифтааст, аммо ҷузъиёти ин дидор ҳанӯз расонаӣ нашудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Боздошти марди 80-сола бо гумони дастдарозӣ ба занон
Воридкунандагони нақлиёти барқиро дар Тоҷикистон аз пардохтҳои андозу гумрук озод мекунанд
Обуҳавошиносон аз селфароӣ дар саросари Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд
Дарёфти ҷасади духтари 16-сола аз дарёи Зарафшон
Ҳунарҳои устоҳои Истаравшан, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайрат овард
Ашраф Ғанӣ: Бар асоси сарқонун ман Президенти Афғонистон ҳастам
Оғози тамринҳои низомии Фармондеҳии марказии ИМА дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста