Вазорати хориҷаи Амрико дар вокуниш ба гуфтаҳои ахири Ашраф Ғанӣ дар бораи бозгашташ ба Афғонистон, гуфтааст, ки Амрико дигар Ашраф Ғаниро ба расмият намешиносад.
Венди Шерман, муовини вазири хориҷаи ИМА гуфтааст, ки раисҷумҳури фирории Афғонистон дигар чеҳрае дар ин кишвар нест.
"Мо дидем, ки Аморот эълом кардааст, ки (Ашраф Ғанӣ) раисҷумҳури пешини Афғонистон аз сӯйи ҳукумат истиқбол шудаасту бас. Ӯ дигар чеҳрае дар Афғонистон нест",- гуфтааст Шерман.
Ашраф Ғанӣ, пас аз се рӯзи фирораш аз Кобул дар як навори видеоӣ гуфт, ки дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ қарор дорад. Ӯ дар ин навор гуфт, ки вақте барои баррасии вазъи амниятии Кобул ба маркази савқ ва идораи вазорати дифоъ рафта буд, ногаҳон нигаҳбононаш омаданд ва ӯро берун кардануд як тавтиаи бузурги куштани ӯро хунсо карданд.
"Толибон ва чеҳраҳои ношиносе, ки бо забонҳои кишвари мо балад набуданд, вориди Арг шуданд ва дар роҳи расидани онҳо ба Арг ҳеч муқовимате сурат нагирифт. Онҳо утоқ ба утоқ мегаштанд то маро пайдо кунанд. Тасмим ин буд, ки он чи биступанҷ сол пеш дар Афғонистон рух дод, такрор шавад",-гуфт Ғанӣ.
Ғанӣ ҳамчунин хабарҳои нашршуда дар мавриди ин ки, ҳангоми ирор пули зиёдеро бо худ Аз Афғонистон бурдааст, дурӯғ хонд ва гуфт, ки ҳатто фурсат наёфт табдили либос кунаду бо "пероҳантубону чаплӣ" (либоси афғонӣ ва пойпӯши тобистонӣ) Кобулро тарк кард.
Вале мақомҳои гуногуни Афғонистон, аз ҷумла як корманди баландпояи Вазорати хориҷаи ин кишвар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ва сафорати Русия дар Кобул, баъди фирори Ғанӣ гуфтанд, ки ӯ 169 миллион долларо бо худ бурдааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста