Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳури пешини Афғонистон, дар як ҳушдори фейсбукияш аз шаҳрвандони Афғонистон, ки дар Покистон қарор доранд, хоҳиш кардааст, ки ба сафорати Афғонистон дар Покистон ва бахшҳову консулгариҳои он муроҷиат накунанд, ки боздошт мешаванд.
Бино ба ин навиштаи ҷаноби Солеҳ то кунун даҳҳо тан аз онҳое, ки ба ин сафорат муроҷиат кардаанд, аз сӯйи нафарони мансуб ба "Толибон" тавассути истихбороти Покистон боздошт шудаанд.
Муовини пешини раисҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки сафоратхонаи Афғонистон дар Исломобод ва консулгариҳои кишвараш ба шуъбаҳои ISI (Cозмони истихбороти Покистон) табдил шудааснд.
"Ҳамватанони гиромӣ: Агар ба ҳар далеле ба Покистон рафтаед, аз муроҷиа ба сафорати Афғонистон, ки акнун тавассути Толибон идора мешавад ибо варзед ва ё агар маҷбур астед ба далоили ҳуқуқӣ ва консулӣ муроҷиа кунед, бо худ телефони ҳушманд (смартфон) надошта бошед. То ҳол даҳҳо нафар аз муроҷеин ба асоси ишора ва суфориши мансубини Толибон тавассути истихбороти Покистон дастгир шуда ва ба ҷойи номаълум интиқол гардидаанд. Дастгиршудаҳо танҳо низомиён нестанд, балки дар бахшҳои мухталифи ҷомеа фаъолият доштаанд. Сафорати Афғонистон дар Исломобод ва кунсулгариҳои кишвар акнун ба шуъбаҳои ISI мубаддал шудаанд",- навиштааст Солеҳ.
Амрулло Солеҳ пас аз чанд рӯзи суқуқти Кобул ба дасти "Толибон" дар як навиштае дар шабакаҳои иҷтимоӣ, иддао кард, ки бар асоси Қонуни Асосии Афғонистон ӯ сарпараст (иҷрокунанда)-и раёсатҷумҳурии Афғонистон аст. Ӯ ишора кард, ки дар ҳолати марг ё истеъфои раисҷумҳур, то замони интихоби раисҷумҳури нав, тибқи Қонуни Асосӣ муовини аввали раисҷумҳур, сарпарасти мақоми раёсатҷумҳурӣ мебошад.
Ҳоло Амрулло Солеҳ дар Туркия ба сар мебарад ва бархе манбаъҳо гуфта буданд, ки пеш аз сафар ба Туркия дар Тоҷикистон қарор дошт.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ашраф Ғанӣ худро сафед карданист. Вокуниши сафири Афғонистон ба мусоҳибаи президенти фирорӣ
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста