Миллиардер ва асосгузори ширкатҳои SpaceX ва Tesla Илон Маск гуфтааст, ширкати " Twitter"-ро харидорӣ хоҳад кард. Дар ин бора рӯзи душанбе созиш ҳосил шуда, хабарро дар худи "Twitter" низ тасдиқ карданд.
Қарор аст, ширкати мазкур ба маблағи наздики 44 миллиард доллари амрикоӣ фурӯхта шавад.
Маск дар изҳороташ дар бораи харидории "Twitter" аҳамияти озодии баёнро ёдовар шуд. Вай ҳамчунин изҳори умед кард, ки ҳатто мухолифони сарсахташ низ саҳифаҳои худро дар ин шабакаи иҷтимоӣ ҳазф нахоҳанд кард.
Ҳанӯз рӯзи душанбе маълум шуда буд, ки Маск Twitter-ро мехарад, дар ин бора Bloomberg, Reuters и WSJ хабар дода буданд. Баъди ин хабар саҳмияҳои Twitter 6,8% - то $52,27 боло рафтан, менависад Forbes.
Дар оғози моҳи апрел Маск 9,2% Twitter саҳмияҳои ин ширкатро харида буд ва яке аз бузургтарин саҳмдорони он гашт. Зоҳиран баъди ин хариду фурӯш сармоядортарин тоҷири олам пешниҳод кардааст, ки ширкатро комилан мехарад ва барои ҳар ҳар саҳмия $54,2 медиҳад. Ин нарх аз нархи бозорӣ ба таври қобили мулоҳиза боло аст.



Саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ: Ҳабси 27 ҷавон ва ҷаримаи 69 тани дигар
Кумитаи дин: Ифтор манъ нашудааст, вале дар он исроф накунед
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 30
Мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистону Қазоқистон бобати рушди ҳамкориҳо ба мувофиқа расиданд
Тоҷикистону Эрон тасмим гирифтанд, ки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро густариш диҳанд
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 феврали соли 2026
“Бебокиаш сабаб шуд, ки...”. Ёдбуди адиб Алӣ Бобоҷон дар Душанбе
Мусодираи 58 кг маводи мухаддир аз ду сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Соли 2025 барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо 14 ҳолати ришваситонӣ ошкор шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста