Селе, ки шаби шанбе, 20 август дар вилояти Лугар боиси марги 20 нафар ва бесарпаноҳ гаштани беш аз 3 ҳазор оила гардид, Толибонро* маҷбур сохт, ки аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмак талаб намоянд.
Мавлавӣ Шарафуддин Муслим, муовини сарпарасти вазорати расидагӣ ба ҳаводис, ки ба вулусволии Хушии вилояти Лугар рафтааст, кӯмакҳои анҷомшударо барои осебдидагон басанда надониста, аз Созмони Милали Муттаҳид хостааст, ки ба осебдидагон кӯмак кунад, хабар медиҳад “Tolonews”.
Ин масъули Толибон* гуфтааст «мардум ҷо ба ҷо шуда ва маводи хӯрока барояшон оварда шудааст, вале ин кифоя намекунад”.
Ба гуфтаи манбаъ, осебдидагон аз мушкилоти зиёд, аз ҷумла раванди кӯмакрасонии ниҳодҳои ёрирасон, об, хӯрок ва дору шикоят кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Ҳикматуллоҳ Сангрӣ, фармондеҳи пулиси вулусволии Хушӣ, гуфтааст: “Ба ҷаҳон садо мекунем, ки ба бошандагони вулсволии Хушӣ сарпаноҳ созанд, ҳамкорӣ кунанд ва ба мушкилашон расидагӣ намоянд”.
Ёдовар мешавем, ки селҳои шаби шанбе, 20 август дар вулусволии Хушии вилояти Лугар омада, 20 нафарро қурбон карда, се ҳазор оиларо бехона сохт. Гуфта мешавад, ҳоло бисёре аз сокинони ин вилоят дар фазои бозу зери чодарҳо ва теъдоде дар масҷидҳо ва мактабҳо зиндагӣ мекунанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Толибон дар ҳоле аз ҷомеаи ҷаҳон кӯмак хостанд, ки ҳеҷ як аз давлатҳои ҷаҳон ҳукумати сарпарасти ташкилнамудаи онҳоро ба расмият намешиносанд ва бо онҳо расман ҳамкорӣ намекунанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.




Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста