Манобеи маҳаллӣ дар Панҷшер ба рӯзномаи "8 субҳ" гуфтаанд, ки Толибон* аз мақомҳои фармондеҳии худ дархости фиристодани ҳазор нерӯи навро ба ин вилоят кардаанд.

Ба иттилои ин рӯзнома, Толибон чунин дархостро пас аз амалиётҳои пайиҳам, аммо номуваффақи ин гурӯҳ барои саркӯби нируҳои Ҷабҳаи муқовамати миллӣ дар Панҷшер кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Мавлави Фасеҳуддин, раиси ситоди артиш ва ду фармондеҳи дигари Толибон* аз вилояти Ғур, дархости фиристодани нируи ҷадид ба Панҷшерро рад кардааст.

Зикр карда мешавад, ки Толибон* дар ҳоли ҳозир аз вилоятҳои Ҳилманд ва Қандаҳор барои ҷанги Панҷшер нерӯ ҷалб мекунанд.

Толибон* то кунун дар мавриди ин иддаоҳо чизе нагуфтаанд.

Манбаъ: static.mk.ru

Эътирофи расмии Ҷабҳа аз сӯйи Толибон*.

Ин гурӯҳ дар ҳоле ба тақвияти нерӯ машғул аст, ки Ҷабҳаи муқовамати миллӣ аз кушта шудани 74 ҷангҷӯйи Толибон*, бо шумули 32 узви дастаҳои «умрӣ ва бадрӣ» (нерӯҳои тамриндида ва хос) иттилоъ медиҳад ва таъкид менамояд, ки асокири Толибон* тавони ҷанг дар шароити Панҷшери кӯҳсорро надоранд ва аз ин лиҳоз, ҳар нерӯе фиристода мешавад, шикаст мехӯрад.

Дар ҳамин ҳол, Толибон* аз пешрафтҳои худ дар Панҷшер хабар медиҳанд ва аввалин маротиба эътироф мекунанд, ки дар ин минтақа Ҷабҳа фаъолияти густарда ва ҷангҳои воқеӣ ҷараён дорад.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон*, рӯзи сешанбе, 13-уми август, дар Твиттери худ навишт, ки нерӯҳои ин гурӯҳ зимни як амалиёт дар Панҷшер 40 узви Ҷабҳаи муқоваматро кушта ва 101 нафари дигарро боздошт кардаанд.

Муҷоҳид гуфтааст, ки ин афрод дар вулусуволиҳои Руха, Дара ва Обшори Панҷшер кушта ё боздошт шудаанд ва дар миёни кушташудагон чаҳор фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимат, Фаҳим Команду, Ҷавод, Муҳаммадёр ва Мулкхон низ ҳастанд.

Сухангӯи гурӯҳи Толибон дар мавриди талафоти неруҳояшон дар ҷанги рӯзҳои ахир дар Панҷшер, чизе нагуфтааст.

Ҷабҳа: Толибон* аздусар ҷангро мебозанд

Сиғбатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфтааст, ки Толибон* ҳамеша бо дурӯғ пеш мераванд ва Ҷабҳа дар даргириҳои ахир 11 кушта ва 4 захмӣ доштааст.

Ӯ зикр кардааст, ки аз 11 нафаре, ки кушта шудаанд 8 нафарашон асир будаанд ва Толибон бар хилофи ҳамаи қонунҳои башарӣ ва исломӣ асиронро тирборон кардаанд.

"Мо борҳо ишғолгарони Толибонро асир гирифтем ва теъдоди зиёди онҳоро раҳо кардем ва сафария (роҳкиро) ба онҳо додем то онҳо битавонанд ба оғӯши хонаводаҳояшон баргарданд", - таъкид кардааст Аҳмадӣ.

Сухангӯи ҷабҳа гуфта, ки Толибон ҷанг дар Панҷшерро ба ин хотир ҷиддӣ гирифтанд, ки онҳо дарк карданд, муқовамат бумӣ аст, мардуми Афғонистон барои бар зидди зулм истодан ирода доранд.

Фармондеҳи нави Толибон* барои Ҷабҳа хуб ошно аст

Сиғбатуллоҳ Аҳмадӣ дар робита ба Қаюм Зокир, фармондеҳи ҷадиди Толибон* барои Панҷшер гуфт, ки ӯро мешиносанд ва дар гузашта ӯро борҳо шикаст додаанд.

"Бо Қаюми Зокир, фармондеҳи ҷадиди Толибон барои Панҷшер ба гунаи дуруст ошно ҳастем ва ӯ ҳеҷ тағйире наметавонад дар ҷабҳаҳои ҷанг биёрад. Қаюми Зокир ҳамон Қаюми Зокирест, ки борҳо дар баробари нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон шикаст хӯрда ва ин бор ҳам шикаст мехӯрад", - иброз доштааст  Сиғбатуллоҳ Аҳмадӣ.

Гуфтан ба маврид аст, ки Толибон* чанд рӯзи ахир бо фиристодани ҳазорон нерӯ ба Панҷшер, амалиёти густурдаеро бо ҳадафи саркӯби неруҳои Ҷабҳаи муқовамати миллӣ роҳандозӣ кардаанд, аммо аз гузоришҳои Ҷабҳа ва хоҳиши нерӯи бештар кардани фармондеҳони толиб маълум мешавад, ки онҳо пешравии назаррас надошта, мувоҷеҳи шикаст шудаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед