Шаҳри Тройенаи минтақаи шаҳри Неом дар шимолу ғарби Арабистони Саудӣ мизбони 9-ум Бозиҳои зимистонаи Осиё-2029 интихоб шуд. Дар ин бораи сомонаи Шӯрои олимпии Осиё иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар 41-ум Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё, ки дар давлати Камбоҷа баргузор гардид, Шаҳри Тройенаи минтақаи шаҳри Неоми Арабистони Саудӣ ғолиб ва мизбони 9-ум Бозиҳои зимистонаи Осиё-2029 интихоб шудааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки ин аввалин кишвар дар Осиёи Ғарбӣ хоҳад буд, ки Бозиҳои зимистонаи Осиёро мизбонӣ мекунад. Бозиҳои зимистонаи Осиё аз соли 1986 чор маротиба дар Ҷопон, ду маротиба дар Чин ва як маротибаӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ва Қазоқистон баргузор шудааст.
Бозиҳои зимистонаи Осиё-2029 сеюм чорабинии бузурги варзишӣ аст, ки Арабистони Саудӣ мизбонӣ мекунад. Қаблан Шӯрои олимпии Осиё ҳаққи мизбонии Бозиҳои Осиё-2034 ва Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар соли 2025-ро ба Арабистони Саудӣ дода буд. Ин бозиҳо дар шаҳри Риёз баргузор хоҳанд шуд.




Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста