Тоҷикистон ба мардуми аз заминларза зарардидаи вилояти Ҳироти Афғонистон кумаки башардӯстона мефиристад. Дар ин бора Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Шоҳин Самадӣ, бо дастури вижаи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин тасмим гирифта шудааст.
“Ҳукумати Тоҷикистон айни ҳол ҷиҳати расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми дар пайи заминларза зарардидаи Афғонистон чораҳо меандешад. Ҳукумати кишвар ният дорад, ки ба он ҷо маводи ниёзи аввалро ирсол намояд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ҳоло маълум нест, ки кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон чӣ миқдор аст ва кай ба мардуми зарардидаи кишвари ҳамсоя расонида мешавад.
То кунун аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристад.
Кумаки башардӯстонаи Қазоқистон аз ғизо, хайма, доруворӣ, сару либос ва дигар чизҳои зарурӣ иборат аст. Дар ояндаи наздик мол ба воситаи ҳавоӣ ва роҳи оҳан фиристода мешавад.
Наҷотдиҳандагони вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон низ барои расонидани кумаки амалӣ дар наҷоти мардум аз зери харобаҳо ба Афғонистон фиристода мешаванд.
Ҳамчунин, Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ҳам тамим гирифтааст, ки ҳамроҳ бо шариконаш дар Афғонистон ниёзмандиҳои мардуми аз заминларза зарардидаи вилояти Ҳиротро муайян карда, кумакҳои башардӯстонаро ирсол намояд.
Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карда, ки муттаҳид шаванд ва мардуми аз заминларза осебдидаро дастгирӣ кунанд.
Ӯ таъкид мекунад, ки аз ин пеш ҳам аксари афғонистониён бо назардошти зимистони наздик ба кӯмак ниёз доштанд.
“Дабири кулл бо мардуми Афғонистон ҳамраъйӣ баён намуда, ба наздикони қурбониён тасаллият баён мекунад ва ба осебдидагон шифои ҳарчи зудтарро таманно дорад”, - гуфта мешавад дар иттилоияи СММ.
Қаблан, ЮНИСЕФ, Толибон* ва тоҷирони афғонистонӣ иттилоъ дода буданд, ки ба мардуми аз заминларза осебдидаи вилояти Ҳирот кумак мерасонанд.
Бояд гуфт, ки ин заминларза дар вилояти Ҳироти Афғонистон рӯзи 7-уми октябр рух дода, шиддати он 6,3 дараҷа гуфта шуд. Бар асари заминларза дар Ҳироти Афғонистон беш аз 2 ҳазор нафар ҷон бохта ва наздики 10 ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки гурӯҳи Толибон моҳи августи соли 2021 Кобулро ғасб карда, аз он вақт ба сари ҳокимияти Афғонистон нишастанд. Дар ду сол ҳеҷ кишвари ҷаҳон ҳукумати таъсисдодаи Толибон дар Афғонистонро расман қабул накардаанд.
Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар аввалин рӯзҳои ба сари қудрат омадани Толибон аз ин гурӯҳ таъсиси ҳукумати фарогир ва ҳамашумулро талаб карда буд ва то кунун бо ин гурӯҳ расман ҳеч гуна иртиботе ба роҳ намондааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Аз “дурӯғу “через” то “мусоидати болову поён” дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”
Дилшод Назаров раиси Кумитаи варзиши Шӯрои олимпии Осиё интихоб шуд
Аз сафар ба Русия муваққатан худдорӣ кунед! Тавсияи Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон
“Қонуни тиб”-и Сино барандаи Шоҳҷоиза шуд
Гигабайтҳои гарон. Оё тоҷикон метавонанд ба интернети арзон умед банданд?
Шиносномаи дохилиро гум кардед? Чӣ тавр метавон шиносномаи нав гирифт?
Тотористон барои таҳсили тоҷикистониён дар коллеҷҳо 100 квота ҷудо кард
Ҳамлаи бесарнишинҳо кори фурудгоҳҳои Маскавро ба таъхир андохт
Мушакборони ғарби Сурия ва куштори 16 нафар. Сурия Исроилро гунаҳкор кард
“Вазифа”-и нави Шоҳрух Саидзода чист ва чӣ салоҳият дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста