Раҳбарони сиёсии мухолифи Толибон*, аз ҷумла аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Шӯрои муқовимат барои наҷоти Афғонистон моҳи ноябр дар Маскав нишаст баргузор мекунанд. Дар ин бора “Afganistan International” бо такя ба манобеаш иттилоъ медиҳад.
Тибқи даъватномаи меҳмонон, ки нусхаи он ба “Afganistan International” расидааст, дар ин нишаст намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва вакилони Думаи Русия низ ширкат хоҳанд кард.
Дар ин нишаст Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси пешини Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси собиқи Шӯрои олии мусоҳила ва Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон ширкат меварзанд.
Инчунин, Фазл Аҳмад Маънавӣ, Маҳмуди Сайқал, Муҳаммад Алам Эзидёр, Аҳмадвалӣ Масъуд, Баҳоуддин Ҷилонӣ, Машкур Кобулӣ, Халили Андробӣ, Залмай Юнисӣ, Сайид Боқири Муҳсинӣ, Мунир Тарахел, Атиқуллоҳ Барёлай, Додуллоҳ Қонеъ, Шамсуллоҳ Ориёнфар ва як теъдод мухолифини дигари Толибон дар ин нишаст ширкат мекунанд.
Аммо ба гуфтаи манобеъ, Салоҳиддини Раббонӣ ва Муҳаммад Муҳаққиқ, аъзои аршади ин Шӯрои раҳбарони муқовимат гуфтаанд, ки дар ин нишаст ширкат нахоҳанд кард.
Қаблан Сергей Миронов, раиси Ҳизби Русияи боадолат ва узви Думаи Русия дар дидор бо Аҳмад Масъуд гуфта буд, ки тирамоҳи имсол Думаи давлатии Русия як баҳси марбут ба Афғонистонро баргузор мекунад ва Аҳмад Масъудро даъват хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки Русия борҳо мизбони нишастҳои байналмилалӣ оид ба Афғонистон будааст. Охирини он моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Қазони Тотористон доир гардид, ки бо номи “Формати Маскав” шинохта мешавад ва дар он намояндаи Толибон ширкат варзида буданд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Рашт. Аз ифтитоҳи чанд бино то нигаронӣ аз вазъи маорифу тандурустӣ
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Ғалабаҳои аввалини намояндагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот-2024
Президент гуфт, мукофотпулии озмунҳо 100% зиёд шавад. Маблағи озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ қадар мешавад?
Душанбе чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасонро пазироӣ мекунад
Қариб 600 нафарро дар Суғд барои ифлос кардани ҳаво ҷазо додаанд
Дар Истаравшан аввалин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ “Озар” мегузарад
Ҳамла бо корд ба муфтии Тоҷикистон дар назди масҷиди марказии Душанбе
Чаро мардон бештар худкушӣ мекунанд?
Хонаҳои нав ба осебдидагони офатҳои табиӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Сангвор ва Нуробод кадом иншоотро ифтитоҳ кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста