Рӯзи 11-уми октябр Толибон* аз анҷоми бахши аввали канали Қуштеппа дар Афғонистон, ки аз 285 километри пешбинишуда тақрибан 100 километрро ташкил медиҳад ва оғози марҳилаи дуввуми ин тарҳ хабар доданд.
Холо сеяки канал сохта шудааст ва гуфта мешавад, ки корҳои сохтмонӣ барвақттар аз ҷадвали муайяншуда идома доранд.
Дар марҳилаи дуюм сохтмони китъаи канал ба дарозии 177 километр пешбинӣ шуда, дар марҳилаи сеюм тақсимот ба зерканалҳо ва расонидан ба заминҳои кишт дар назар аст.
Сохтмони канал ба зиммаи ширкати давлатии Афғонистон гузошта шудааст. Арзиши умумии лоиҳа 684 миллион долларро ташкил медиҳад.
Намояндагони ширкат мегӯянд, ки ин тарҳ бидуни кумаки мутахассисони хориҷӣ амалӣ мешавад.
Аммо онҳо аз куҷо пул дарёфткарданд?
Ба гуфтаи Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик, Толибон пул доранд.
“Дар аввал бояд бигӯям, ки дар дасти Толибон маблағи буҷаи солонаи давлатӣ қарор дорад, ки дар замони ҳукумати қаблии Афғонистон ба 5,5 миллиард доллар расида буд. Ҳоло ҳаҷми он камтар аст, вале як қисми хароҷоти сохтмони канал аз он ҷо мебарояд. Сониян, Толибон ҳам буҷаи соягӣ доранд, ки тибқи ҳисобҳои гуногун, то 1,6 миллиард долларро ташкил медиҳад”, - гуфт Парвиз Муллоҷонов.
Андрей Серенко, коршиноси рус низ дар бораи манобеи даромади Толибон мегӯяд, ки “Толибон пул доранд, ва онро аз истихроҷ ва қочоқи канданиҳои фоиданок, аз қочоқи маводи мухаддир, ҳамлу нақли транзитӣ” ва ғайра ба даст меоранд.
“Роҳбарони олии Толибон миллионерҳои долларӣ ҳастанд. Онҳо фаъолона ва бомуваффақият мавқеи худро аз “муҷоҳид” ва “сармоядор” иваз мекунанд”, - мегӯяд Серенко.
Ӯ илова мекунад, ки имкониятҳои молиявии Толибон хеле назаррас аст ва онҳо, аз ҷумла, ба “муллоҳо” иҷоза медиҳанд, ки нисфи буҷаи расмии давлатии Афғонистонро барои соҳаи низомӣ (артиш, полис, ҷосусӣ ва ғайра) сарф кунанд. Ва ин пули зиёд аст.
Илова бар ин, ба гуфтаи Серенко, Толибон аз кишварҳои мисли Қатар, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб кӯмакҳои молӣ мегиранд.
“Тоҷирону ширкатҳои бузурги ин кишварҳо ва Туркия метавонанд дар тарҳҳое мисли Қуштеппа сармоягузор бошанд. Манобеъи афғонистонӣ аз ҷумла, бар ин боваранд, ки тарҳи сохтмони ин иншооти обёрӣ метавонад аз сӯи Қатар ва Амрико маблағгузорӣ шавад. Онҳо инчунин ҳузури сармояи Чинро дар лоиҳа истисно намекунанд”, - қайд мекунад Серенко.
Вале таҳлилгари масоили сиёсӣ Илҳом Нарзиев бар ин назар аст, ки Толибон имкони бо пули худ канал бунёд карданро надоранд.
Ба андешаи коршинос ин кор бе “пуштибонии хориҷӣ” сурат гирифта наметавонист.
“Ман тахмин намекунам, ки "хайрхоҳ" кист, аммо як чиз равшан аст: канал дар минтақа ба "бомбаи соатӣ" табдил меёбад. Аз рӯи меъёри минтақа ҳам ин лоиҳаи азим дониста мешавад”.
Коршиносон дар марҳалаи кунунӣ ба аз ҷиҳати иқтисодӣ мақсаднок будани он шубҳа дорад, аммо Толибон аз ин лоҳа бо ҳадафҳои сиёсӣ истифода мебаранд.
Бо назардошти нигарониҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон аз таъсири ин канал дар коҳиши эҳтимолии интиқоли об ба қаламрави худ, Толибон ин масъаларо ҳамчун фишанг барои эътирофи худ истифода мекунанд.
Мутахассисон аз чӣ дар ташвишанд?
Воқеан, ин лоиҳаи Толибон боиси нигаронии кишварҳои Осиёи Марказӣ шудааст. Ӯзбекистон алакай эълом карда буд, ки як ҳайатеро барои музокира ҷиҳати бунёди Қуштеппа ба Афғонистон мефиристад.
Ростӣ, комилан рӯшан нест, ки ҳайати Ӯзбекистон дар Кобул бо Толибон ба чӣ ноил шуданӣ аст. Толибон на як бору ду бор равшан гуфтаанд, ки дар бораи сохтани канал ва истифодаи оби дарёи Ому ягон созиш ва гузашт карданӣ нестанд.
Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, барои Тошканду Ишқобод масъалаи канали Қуштеппа аҳаммияти аввалиндараҷа дорад, зеро оби дарёи Ому барои ҳарду кишвар хеле муҳим аст ва тақрибан 80% тамоми захираҳои обии онҳоро ташкил медиҳад.
Интизор меравад, ки пас аз анҷоми сохтмон ин канал (тибқи ҳисобҳои гуногун) аз чоряк то сеяки маҷрои дарёи Ому ба Афғонистон гардонида шавад, ки ин метавонад боиси норасоии ҷиддии об дар як қатор минтақаҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон шавад.
“Мушкил дар он аст, ки Толибон каналро бо усули ниҳоят кӯҳна месозанд. Мутахассисон аз он нигаронанд, ки қаър ва сохили канал мустаҳкам карда нашудааст. Аз ин сабаб қисми зиёди об талаф мешавад. Бо назардошти ин, имкон дорад аз дарёи Ому оби бештар гирифта шавад”, - мегӯяд Муллоҷонов.
Ҳамчунин, ба гуфтаи Муллоҷонов, коршиносон аз он нигаронанд, ки Афғонистон ба Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии оби кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки кишварҳои минтақа дар чаҳорчӯби он меёър барои гирифтани оби дарёҳои Ому ва Сирро муайян мекунанд, шомил шуданӣ нест.
“Дар робита ба ин метавон тахмин кард, ки Толибон бешубҳа намехоҳанд минбаъд бо ҳар гуна ӯҳдадориҳо оид ба риояи ҳақ барои гирифтани об аз Ому ва Панҷ маҳдуд шаванд”, - хулоса кард Парвиз Муллоҷонов.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон иваз шуд
Тоҷикистониён кадом расонаҳоро бештар пайгирӣ мекунанд?
Маоши кам сабаби тарки соҳа кардани мутахассисон дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ шудааст
Дар вилояти Курск кор дар таксиро барои муҳоҷирон манъ карданд
Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон “эҳтимоли табодули қитъаҳо” ҳангоми ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро истисно надонист
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста