Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар нишасти изтирории сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ озими Арабистони Саудӣ шуд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад.
Дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, муовини вазири корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ба иттилои хабаргузориҳои минтақавӣ, нишасти ғайринавбатии раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ ба қазияи Ховари Наздик – даргири миёни Исроил ва Фаластин бахшида мешавад.
Барои иштирок дар ҷаласаи изтирории Созмони ҳамкории исломӣ аз ҷумла, Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ва даҳҳо роҳбарони кишварҳои мусулмонӣ ба Арабистони Саудӣ сафар кардаанд.
Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) як созмони байниҳукуматӣ буда, 57 кишвари узвро дар бар гирифта, дар чаҳор қитъа паҳн шудааст. Ин созмон садои дастаҷамъии ҷаҳони ислом ва кафолати ҳимоя ва пуштибонӣ аз манофеи ҷаҳони ислом дар рӯҳияи мусоидат ба сулҳу ваҳдати байналмилалӣ дар миёни мардуми мухталифи ҷаҳон аст.




Кадом бозорҳои Душанбе ва чанд рӯз дар ҷашни Наврӯз кор намекунанд?
Имсол ҷашни асосии "Наврӯз" дар Душанбе мегузарад. Ба ин муносибат боз кадом чорабиниҳо баргузор мешавад?
“Отахон Латифӣ намехост давлат исломӣ шавад ва то охири умр коммунист боқӣ монд!”
Тоҷикистон ба Эрон кумаки башардӯстона фиристод
Эрон кушта шудани Алии Лориҷонӣ ва Ғуломризо Сулаймониро тасдиқ кард
Ҷаримаи як сокини Суғд барои сохтани муҳри қалбакии кормандони гумрук
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 49
Таълим дар мактаби Тоҷикистон чанд пул аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 марти соли 2026
Хабарҳои зиддунақиз дар бораи кушта шудани Алии Лориҷонӣ ва Ғуломризо Сулаймонӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста