Толибон* дар як баёнияе гуфтаанд, ки давлати Чин эътиборномаи Билол Каримиро ба унвони сафири худ дар Пекин пазируфтааст. Дар ин бора amu.tv хабар медиҳад.
Ба навиштаи ин расона, Толибон Билол Каримиро тақрибан як ҳафта пеш ба унвони сафири худ дар Чин фиристода буданд.
Ин дар ҳолест, ки тақрибан ду моҳ пеш Чин як дипломати ин кишварро бо номи Ҷао Синг ба унвони сафир дар Афғонистон дар ҳукумати Толибон муаррифӣ кард.
Бояд гуфт, ки Чин аввалин кишваре аст, ки дар зери ҳукмронии Толибон ба Кобул сафир фиристод ва Билол Каримӣ аввалин сафири Толибон дар як кишвари хориҷӣ аст.
Билол Каримӣ қаблан муовини сухангӯи Толибон буд.
Ҳукумати Толибон то ба ҳол аз ҷониби ҳеҷ кишваре эътироф нашудааст.
Ҷомеаи байнулмиллаӣ ҳамеша ба эҳтиром ҳуқуқ ва ҷойгоҳи зан дар умури сиёсӣ ва иҷтимоии Афғонситон таъкид мекунанд, аммо гурӯҳи Толибон то ба ҳол ба нақзи густурдаи ҳуқи зан ва фишорҳо болои занонро идома медиҳад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Рашт. Аз ифтитоҳи чанд бино то нигаронӣ аз вазъи маорифу тандурустӣ
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Ғалабаҳои аввалини намояндагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот-2024
Пешниҳоди таъсиси “Маркази омӯзиши маорифи Мовароуннаҳр” дар Тоҷикистон
Президент гуфт, мукофотпулии озмунҳо 100% зиёд шавад. Маблағи озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ қадар мешавад?
Душанбе чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасонро пазироӣ мекунад
Қариб 600 нафарро дар Суғд барои ифлос кардани ҳаво ҷазо додаанд
Дар Истаравшан аввалин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ “Озар” мегузарад
Ҳамла бо корд ба муфтии Тоҷикистон дар назди масҷиди марказии Душанбе
Чаро мардон бештар худкушӣ мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста