Радиои артиши Исроил хабар медиҳад, ки ин кишвар вориди ҷонуби Ғазза шуда, дар шимоли шаҳри Хон Юнис амалиёти заминӣ оғоз кардааст.
BBC менависад, ки “тасвирҳои як тонки исроилӣ дар наздикии шаҳр”-ро тайид кардааст.
Ба навиштаи ин расона, сардори артиши Исроил ба сарбозон гуфтааст, ки артиши Исроил дар ҷануби Ғазза низ “қавӣ ва ҳамаҷониба” меҷангад.
Генерал-лейтенант Ҳерзӣ Ҳалевӣ бо сарбозони хеш дар бораи ҳадафҳои низомӣ ва кушта шудани фармондеҳони Ҳамос аз ҷониби Исроил сӯҳбат кардааст.
“Мо дар шимоли навори Ғазза сахт ва ҳамаҷониба ҷанг кардем ва ҳоло ҳам дар ҷануби Навори Ғазза ин корро анҷом медиҳем”, - гуфтааст ӯ.
Сухангӯи артиши Исроил баъдан таъйид кард, ки Исроил “ба тавсеаи ҳамлаи заминӣ” дар тамоми Ғазза, “рӯбарӯ бо террористон меҷангад”.
Пас аз анҷоми муҳлати оташбаси якҳафтаина, Исроил рӯзи ҷумъаи гузашта маъракаи густурдаи бомбандозӣ дар Ғаззаро аз сар гирифт, ки сокинони Хон Юнис онро шадидтарин мавҷи ҳамлаҳо то кунун унвон карданд.
Ба навиштаи BBC дар ҷараёни ин созиши орташбаси ҳафтрӯза гуруҳи Ҳамос бар ивази раҳоии 240 фаластинӣ аз зиндонҳои Исроил 110 гаравгон дар Ғаззаро раҳо кард.
Субҳи рӯзи якшанбе артиши Исроил аз сокинони Хон Юнис хост минтақаро фавран тарк кунанд.
Мақомоти Исроил бар ин боваранд, ки раҳбарияти Ҳамос дар ин минтақа паноҳ будаанд. Бояд гуфт, паз аз оғози ҷанг дар шимоли Ғазза, садҳо ҳазор нафар воқеан ба ин минтақаи нисбатан ором паноҳ бурда буданд.
Як мақоми СММ пас аз он ки артиши Исроил ҳамалоти худро ба ҷануб оғоз кард, аз ваҳшати он нигаронӣ кард.
Ҷеймс Элдер, корманди Агентии кӯдаконаи ЮНИСЕФ бемористони тиббии Носир дар Хон Юнисро “минтақаи ҷанг” тавсиф кард.
Як мушовири нахуствазири Исроил гуфт, ки Исроил барои ҷилавгирӣ аз кушта шудани ғайринизомиён талош мекунад.
Ҷеймс Элдер ба BBC гуфтааст, ки вай дар наздикии бемористони Носир садои таркишҳои шадиди пайвастаро мешунавад ва кӯдакон бо захмҳои гуногун бистарӣ мешаванд.
“Ман ба ин беморхона мунтазам мерафтам. Кӯдакон маро мешиносанд, ҳоло оилаҳо маро мешиносанд. Ҳамон одамон аз дасти ман мегиранд ё куртаамро гирифта мегӯянд, ки “лутфан моро ба ҷои амн баред. Дар куҷо бехатар аст?”, - мегӯяд Ҷеймс Элдер.
Ӯ гуфтаааст, мутаассифона, ба саволҳои онҳо ягона ҷавоб ин аст, ки ҷойи амн нест.
Вазорати тандурустии Ғазза, ки зери идораи Ҳамос аст, мегӯяд, аз замони аз сар гирифтани бомбборон беш аз 500 нафар кушта шудаанд.
Вазорат ҳамчунин гуфтааст, ки аз замони оғози ҷанг Ғазза беш аз 15 500 нафар кушта шудаанд.



Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Мактабе, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби дигар табдил дода шудааст
Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста