Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ эълом кард, ки тақсими маҳсулоти ғизоӣ дар навори Ғаззаро қатъ кардааст.
Раҳбари барнома Синди Маккейн гуфт, ин тасмим дар пайи ғоратгариҳо ва ҳамлаи сокинони маҳаллӣ ба кормандони созмон гирифта шуд.
Дар изҳороти ӯ гуфта шудааст, гуруҳи одамони гурусна рӯзи якшанбеи гузашта дар гузаргоҳи "Водии Ғазза" мошинҳои боркашеро, ки ба гурезаҳо ғизо мебурданд, иҳота карда, мехостанд ғорат кунанд. Рӯзи душанбе низ чандин мошинеро, ки ба минтақаи шимолӣ ғизо мебурданд, боз дошта, ғорат карданд".
Ба гуфтаи Маккейн, созмон дар ин ҳолатҳо наметавонад амнияти кормандони худ ва онҳоеро, ки барои гирифтани ғизои бепул меоянд, таъмин кунад ва бинобар ин, тасмим гирифта шуд, ки тақсими маҳсулоти ғизоӣ дар Ғазза бас шавад.
Дар созмон гуфтаанд, роҳҳои ҳалли ин мушкил ва аз саргирии тақсими ғизоро дар навор ҷустуҷӯ доранд.