Хонаи аксар мансабдорони ҳукумати пешини Афғонистон, ки ҳамакнун аз мухолифони Толибон* ба ҳисоб мераванд, дар Кобул аз сӯи ҳукумати сарпарасти ин гурӯҳ ишғол ва нафарони дар он манзилҳо зиндагидошта боздошт шудаанд. Аз ҷумла, хонаи дар Кобул доштаи Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон низ аз сӯйи Толибон ишғол шудааст.
Ду корманди Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ин иттилоъро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд. Ин хабарро Толибон расман шарҳ надодаанд.
Ба иттилои кормандони Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, хонаи Зоҳири Ағбар дар маркази шаҳри Кобул қарор дошта, баъди аз сӯи Толибон ғасб шудани ҳокимият дар Афғонистон, беш аз ду сол инҷониб дар он як корманди ҳукумати пешин зиндагӣ мекардааст.
“Хонаи ҷаноби сафир чанд рӯз пеш аз сӯи ҳукумати сарпарасти Толибон ишғол шуд. Нафаре, ки дар он манзил умр ба сар мебурд, боздошт гардид ва ҳоло аз сарнавишти ӯ иттилое нест”, - гуфт яке аз ҳамсуҳбатони мо.
Корманди Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ишғоли хонаи сафирро ба изҳороти тунди ӯ алайҳи Толибон рабт медиҳанд ва мегӯянд, “то кунун Толибон чунин изҳоротро бардошт мекарданд, вале кунун бо ин амалкард мехоҳанд вокуниш нишон бидиҳанд”.

Худи Муҳаммад Зоҳири Ағбар дар саҳифааш дар Х (собиқ Твиттер) аз ин амалкарди Толибон сахт интиқод кардааст.
“Толибон бо туфангу қиёфаҳои зишт ба манзили банда ҳамла карда, бо хушунату ваҳшати бисёр бо иҷоранишин бархӯрд карда, хонаро тахлия карда ва дар ихтиёри туфангдорони аморат қарор додаанд”, - гуфтааст сафир.
Ӯ афзудааст, “Толибонро аз корашон мешиносанд, на аз гуфторашон, зеро Толибон аз замони ба қудрат расиданашон иддаои истиқрори амният ва авфи умумӣ доштанд, аммо борҳо бо амалкардашон нишон доданд, ки бо гуфтору иддаояшон созгор нестанд ва амалҳои имрӯзашон низ намунаи нақзи даъвои онҳост”.
Бояд гуфт, ки ин нахустин амалкарди гурӯҳи Толибон алайҳи сафири пешини Афғонистон дар Тоҷикистон нест. Моҳи июни соли гузашта ҳам хонаи падарии Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар вилояти Панҷшер ба коми оташ рафта буд.
Он замон Муҳаммад Зоҳири Ағбар дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, “Толибон бояд бидонанд, ки хонаҳоро сӯзондан мумкин аст, аммо рӯҳи муқовимат бо зулм ва терроризм пойдор мемонад”.
“Рӯҳияи муқовимат алайҳи зулм ва террори Толибон тағйирнопазир аст”, - таъкид мекард сафир.
Манбаи мо дар Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон илова кард, ки тайи чанд муддати охир хонаи аксар мухолифини Толибон дар Кобул аз сӯи ҳукумати сарпарасти Толибон ишғол шудааст. Аз ҷумла, хонаи маршал Абдулрашид Дӯстум, собиқ муовини раисҷумҳури Афғонистон ва раиси Ҳизби ҷунбиши миллии исломии Афғонистон низ тасарруф шудааст.
Қаблан хонаи чеҳраҳои шинохтаи ҳукумати пешин дар минтақаҳои дигар кишвар низ аз сӯйи Толибон ишғол шуда буд.
Ҳамчунин, Толибон чанде пеш Гулбиддин Ҳикматёр, роҳбари Ҳизби Исломии Афғонистонро аз хонае, ки ҳукумати пешини Афғонистон бар асоси созишномаи сулҳ ба ӯ дода буд, хориҷ карда буданд.
Ёдовар мешавем, ки Толибон моҳи августи соли 2021 қудрат дар Афғонистонро соҳиб шуданд ва ҳукумати сарпарасти худро ташкил карданд, аммо то ҳол аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта нашудаанд, ҳарчанд кишварҳои алоҳида бо онҳо ҳамкориҳо доранд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Толибон мехоҳад, ки ҳукумати ҳамашумул ташкил диҳад ва ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузорад. Толибон ин ҳам талабҳоро нодида мегиранд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
"Толибон" бозии шатранҷро дар Афғонистон манъ карданд
Размикори мағлубнашудаи тоҷик бо АСА қарордод баст
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғонистонӣ дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Давраи чоруми музокироти Эрону Амрико ҳам бидуни натиҷаи чашмрас анҷом ёфт
Медали биринҷии қаиқронони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Чин
Эмомалӣ Раҳмон Попи нави Рум ва садри аъзами Олмонро табрик кард
Шашмақом моли кист? Чаро "Википедия" онро моли яҳудиён медонад ва ҳақиқати таърих чист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста