Исроил бо бандҳои асосии барномаи пешниҳодии Ҷо Байден, президенти ИМА дар бораи оташбас дар Ғазза розӣ шудааст.
Дар ин бора мушовири сарвазири Исроил Офир Фалк ба нашрияи "Sunday Times" хабар додааст. Фалк ҳамзамон қайд карда, ки тарҳ нокомил аст ва бояд ба таври назаррас коркард карда шавад.
"Созише, ки мо ба он розӣ шудем, чандон хуб нест, вале мо мехоҳем гаравгонҳо озод шаванд", - изҳор доштааст ӯ.
Ҷо Байден, президенти Амрико рӯзи 31-уми май тарҳи оташбас дар Ғаззаро, ки гуфт, аз ҷониби Исроил пешниҳод шудааст, дар саҳифааш дар шабакаи “X” (Твитери собиқ) эълон кард.
Дар бахши аввали тарҳи пешниҳодии Ҷо Байден, ки аз се марҳила иборат аст, гуфта шудааст, ки бар ивази оташбаси шашҳафтаина нерӯҳои исроилӣ аз минтақаҳои аҳолинишини Ғазза берун мешаванд ва ҲАМОС бар ивази раҳоии садҳо зиндонии фаластинӣ асирони зану солманд ва маҷрӯҳро раҳо мекунад. Оворагони фаластинӣ ба хонаҳои худ бармегарданд ва рӯзе то 600 мошини боркаш бо кумакҳо вориди Ғазза хоҳад шуд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои оворагон бояд дар ин муддат ҳазорон сарпаноҳи муваққатӣ фиристанд. Агар ин марҳила бо муввафақият пеш рафт, ба пешниҳоди Ҷо Байден, онгаҳ тамоми гаравгонҳоро ҲАМОС бар ивази берун шудани низомиёни Исроил аз Ғазза ва эълони оташбаси доимӣ раҳо мекунад. Дар марҳилаи сеюм ҷасади гаравгонҳои фавтида ба Исроил супурда мешаванд ва тарҳи бозсозии Ғазза бо иштироки Амрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ оғоз мегардад.
ҲАМОС, созмони террористӣ дар Амрико ва Аврупо пешниҳоди Ҷо Байденро дар бораи оташбас дар Ғазза “мусбат” номидааст.
Дар изҳороти ҲАМОС, ки онро хабаргузории Ройтерз иқтибос кардааст, гуфта мешавад, ки ин гурӯҳ ҳар пешниҳод бар ивази оташбаси доимӣ, раҳоии маҳбусони фаластинӣ аз зиндонҳои Исроил ва бозсозии Ғаззаро қабул дорад.
Шаби 1-уми июн ҳазорон нафар дар Исроил даст ба эътироз заданд ва аз ҳукумат хостанд, ки ба оташбас розӣ шуда, гаравгонҳоро раҳо намоянд.
Ҷо Байден гуфтааст, ки ҲАМОС дигар қудрате надорад, ки ба Исроил таҳдид кунад ва тавоноиҳояш заиф шудааст.
Ҷанг дар Ғазза пас аз 7-уми октябри соли 2023, замоне, ки ҲАМОС ба Исроил ҳамла кард, оғоз шуд. ҲАМОС он рӯз беш аз 1200 нафарро дар Исроил кушт ва беш аз 200 нафарро гаравгон гирифт. Исроил дар посух ба Ғазза ҳамла кард ва дар ин ҷанг беш аз 36 ҳазор фаластинӣ кушта шудааст, ки аксараш занону кӯдакон ҳастанд.
Созмони Милали Муттаҳид ва дигар кишварҳои ҷаҳон ҳамлаи Исроил ба Ғаззаро маҳкум кардаанд ва борҳо аз ин кишвар хостанд, ки аз куштани аҳолии осоишта даст кашад. Исроил то кунун ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гуш надодааст ва ҳашт моҳ боз Ғаззаро аз осмону замин оташборон мекунад.



Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста