Масъуд Пизишкиён, номзади ислоҳталаб дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон бо касби 53,3 дарсад раъйи сокинон бар рақибаш Саид Ҷалилии муҳофизакор, ки 44,3 дарсад овоз гирифт, пирӯз шуд.

Пас аз ҷамъбасти шумориши оро ва эълони натоиҷи интихобот, Пизишкиён ба тарафдоронаш ва ба ҳамаи онҳое, ки барояш овоз доданд, изҳори сипос кард ва гуфт: “Ба ҳама дасти дӯстӣ дароз мекунем, ҳамаи мо одамони ин кишварем, мо бояд ҳамаро барои пешрафти кишвар истифода кунем”.

Бояд гуфт, ӯ ягона номзад ба маснади президентӣ дар Эрон буд, ки дар масоили гуногуни дохилӣ мавқеи фарқкунанда аз дигарон дошт ва бештар аз ҳама ҳукумати қаблиро интиқод мекард.

Пизишкиён кист, дар арсаи сиёсати Эрон чӣ мавқеъ дорад ва нақшаҳояш дар бораи ояндаи ин кишвар чист? Кӯшиш кардем, дар ин матлаб ба ин суолҳо посух ёбем.

Рақобати шадид миёни усулгарову ислоҳотталаб

Интихоботи президентӣ дар Эрон дар пайи ҷон бохтани Сайид Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури пешини Эрон дар сонеҳаи чархбол, баргузор гардид.

Барои ширкат дар интихоботи зудҳангом дар Эрон 80 нафар довталаб сабтином шуда буданд, ки дар миёни онҳо 4 зан низ дида мешуд. Аз миёни онҳо Шӯрои нигаҳбон, як ниҳоди иборат аз рӯҳониёни ҳоким дар Эрон танҳо ба 6 нафар -  Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ, Саид Ҷалилӣ, намояндаи раҳбари Эрон дар Шӯрои олии амнияти миллӣ, Масъуд Пизишкиён, вазири пешини беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ, Алиризо Зоконӣ, шаҳрдори Теҳрон, Амирҳусейн Қозизода, раиси Бунёди шаҳид ва умури исоргарон ва Мустафо Пирмуҳаммадӣ, вазири пешини кишвар (корҳои дохилӣ) иҷозаи рақобат барои соҳиб шудани курсии раиси ҷумҳурро дод.

Дар лаҳзаҳои охир Алиризо Зоконӣ ва Амирҳусейни Қозизода аз рақобат даст кашиданд.

Ҳамин тавр, Масъуд Пизишкиён, ягона номзади ислоҳотталабон бо се номзади усулгароён вориди рақобат шуд. Дар даври аввал, ки 28-уми июн баргузор гардид, Масъуд Пизишкиён 42,4 дарсад, Саид Ҷалилӣ 38,6 дарсад, Муҳаммадбоқир Қолибоф 13,8 дарсад ва Мустафо Пурмуҳаммадӣ 0,8 дарсад овоз гирифтанд. Яъне ҳеҷ як номзад марзи 50 дарсадро убур карда натавонистанд ва интихобот ба даври дуюм гузаронида шуд.

Дар даври дуюм, ки 5-уми июл баргузор шуд, Масъуд Пизишкиён бо касби 53,3 дарсади раъйи сокинон ғалаба кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Пизишкиёнро бо пирӯзӣ таҳният гуфт. Раиси ҷумҳурони дигар кишварҳои шарикони аслии Эрон, бо шумули Русия ва Арабистони Саудӣ низ раиси ҷумҳури навро табрик гуфтанд.

Ҳамин тавр, Масъуд Пизишкиён 9-умин раиси ҷумҳури Эрон шуд ва барои 4 соли баъди салоҳияти президентии ин давлатро хоҳад дошт.

Табиби озартабор

Масъуд Пизишкиён 69 сол дорад. Ӯ дар ғарби Эрон, дар вилояти Озарбойҷони Ғарбӣ, ки дар он асосан озарбойҷонҳову курдҳо зиндагӣ мекунанд, ба дунё омадааст. Падараш озартабори эронӣ ва модараш курд ҳастанд. Пизишкиён, ба ғайр аз форсӣ, бо забонҳои озарбойҷонӣ ва курдӣ хуб ҳарф мезанад.

Ӯ пас аз адои хидмати ҳарбӣ ба омӯзишгоҳи тиббӣ дохил шуда, аввал табиби умумӣ ва баъдан ҷарроҳи дил мешавад.


Дар замони ҷанги Эрону Ироқ (1980–1988) Пизишкиён ба ҳайси табиб кор мекард ва барои фиристодани дастаҳои тиббӣ ба ҷабҳа масъул буд. Соли 1997 дар маъмурияти раиси ҷумҳур Муҳаммади Ҳотамӣ ба мақоми муовини вазири тандурустӣ расид.

Соли 2001 Муҳаммади Ҳотамӣ ӯро вазири тандурустӣ таъйин кард. Соли 2003 кӯшиши парлумони Эрон барои барканории Пизишкиён бо интиқоди кори ӯ ноком анҷом ёфт.

Пизишкиён соли 2008 довталаби курсии вакили порлумон шуд ва дар ҳавзаи шаҳри Табрез пирӯз омад. Ӯ 5 дафъа ва ба муддати чаҳор солӣ вакили мардумӣ аз ин шаҳр дар порлумон интихоб шудааст.

Аз соли 2016 то соли 2020, ки порлумони Эрон дар дасти сиёсатмадорони мӯътадил ва ислоҳталаб буд, Масъуд Пизишкиён ба ҳайси яке аз муовинони раиси порлумон кор кардааст.

Соли 2013 номзад ба мақоми раиси ҷумҳур буд, вале аз ин корзор даст кашид. Соли 2021 дигарбора бахташро санҷид, вале Шӯрои нигаҳбон номзадиашро сабти ном накард.

Аз Масъуди Пизишкиён чун донандаи хуби улуми ислом таъриф мекунанд.

Пизишкиён дар соли 1993 дар як садамаи нақлиётӣ зану як фарзандашро аз даст дод. Баъди марги ҳамсараш ду писару як духтарро танҳо ба воя расонд.

Интиқод ва ваъдаҳои Пизишкиён

Масъуди Пизишкиён дар маъракаи интихоботӣ аз полиси ахлоқи Эрон, ки аз ҷумла риояи қоидаҳои либоспӯшии мусалмонон аз ҷониби занонро назорат мекунад, интиқод кард.

Вай ҳамчунин ҳукумати қаблиро танқид кард, ки марги Маҳсо Аминии 22-соларо, ки пас аз боздошти пулиси ахлоқ барои нақзи муқаррароти либоспӯшӣ даргузашт, ба таври лозима таҳқиқ накардааст. Ӯ дар яке аз навиштаҳои худ дар Твиттер (ҳоло шабакаи иҷтимоъии X) таъсиси як гурӯҳи тафтишотиро тақозо кардааст, ки шароити марги Маҳсо Аминиро таҳқиқ кунад.

Дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ Пизишкиён сиёсати ҳукумати қаблиро дар қиболи занон борҳо интиқод кард ва гуфт, “мо муқобили ҳама гуна муносибати бераҳмона ва ғайриинсонӣ нисбати касе ҳастем, аммо ин махсусан ба муносибат бо хоҳару духтарони мо дахл дорад. Мо иҷоза намедиҳем, ки ин гуна амалҳо алайҳи онҳо шаванд”.

Пизишкиён дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ ҳамчунин ваъда дод, ки бархе аз маҳдудиятҳо дар мавриди истифода аз интернет дар Эронро лағв хоҳад кард.

Дар мавриди сиёсати хориҷии Эрон ӯ гуфт, ки ба “муҳосира”-и Эрон поён медиҳад ва хостори “музокироти созанда” бо Ғарб дар мавриди эҳёи тавофуқи ҳастаии соли 2015 шуд. Бар асоси он Эрон дар ивази сабуктар кардани таҳримҳои Ғарб ба ҷилавгирӣ аз барномаи ҳастаии худ розӣ шуд.

“Агар мо метавонем таҳримҳоро лағв кунем, зиндагии мардум беҳтар мешавад, дар ҳоле ки нигоҳ доштани таҳримҳо маънои онро дорад, ки мардум дар бадбахтӣ боқӣ хоҳанд монд”, - гуфт Пизишкиён.

Бо ишора ба ин назарҳои Пизишкиён, бархе аз коршиносон таъкид мекунанд, ки баъди пирӯзии Пизизкиён, дар Эрон муносибат бо мухолифони дохилӣ нармтар хоҳад шуд.

Бо ин ҳама назарҳои интиқодӣ ва ислоҳотталабӣ, Масъуд Пизишкиён як сиёсатмадори содиқ ба роҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ боқӣ мемонад. Ва салоҳиятҳои ӯ ҳам маҳдуд аст. Салоҳияти олии тасмимгирӣ дар Эрон ба раҳбари олӣ Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ тааллуқ дорад.

Таъйинни хати маши сиёсати хориҷӣ салоҳияти Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, як ниҳоди соҳибқудрати Эрон аст.

“Тоҷикистон дар авлавияти сиёсати хориҷии Эрон аст”

Бо назардошти ин нукот коршиносон таъкид мекунанд, ки бо омаду рафти руасои ҷумҳур дар сиёсатгузориҳои бузургу аслии Эрон тағйироти ҷиддӣ ва бунёдӣ рух нахоҳад дод.

Аҳ ҷумла, Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик қабл аз анҷоми интихоботи президентӣ дар Эрон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “қатъи назар аз он ки кадом як аз номзадҳо пирӯз мешавад, дар минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ба унвони яке аз авлавиятҳои аслии сиёсати хориҷии Эрон боқӣ хоҳад монд”.

“Эрон то ду даҳаи пеш аз ҷумлаи муҳимтарин шарикони тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон буд, ки пеш омадани як марҳилаи кундии ҳамкориҳо боиси аз даст рафтани ҳузур ва ҷойгоҳи Эрон дар кишвари мо ва бахусус дар арсаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ шуд. Ҳоло бахши қобили таваҷҷуҳе аз саҳми собиқе, ки Эрон дар арсаҳои иқтисодии Тоҷикистон дошт, дар ихтиёри кишварҳои дигар қарор дошта ва шароити мавҷуд иқдомоти муассир ва ҳисобшудаи Теҳрон барои бозгардондани нуфузи қаблиашро металабад”, - мегӯяд Қосими Бекмуҳаммад.

Ба андешаи ӯ, “дар канори идома ва таҳкими муносибот дар заминаҳои дигар, беҳтарин роҳкори тазминкунандаи нақши Теҳрон дар кишвари мо ҳузури сармоя, дониши фаннӣ ва фанноварии он мебошад, ки умед аст раиси ҷумҳури нави Эрон ба он таваҷҷуҳ нишон хоҳад дод”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.