Кумитаи баррасии сабабҳои ҳодисаи сӯхтор дар бандари “Шаҳид Раҷоӣ” дар шаҳри Бандар Аббоси вилояти Ҳурмузгони Эрон натиҷаҳои аввалияи тафтишоти худро эълон карда, гуфтааст, ки сабаби ҳодиса риоя накардани қоидаҳо ва тадбирҳои бехатарӣ мебошад.
Хабаргузории “Ирна” аз қавли Вазорати корҳои дохилии Эрон навиштааст, ки сӯхтор шоми 28-уми апрел пурра хомӯш карда шудааст. Аммо Муҳаммад Ошӯрӣ Тозиёнӣ, раиси вилояти Ҳурмузгон гуфтааст, ки амалиёти наҷот ва кумаки осебдидагон идома дорад ва эҳтимол поксозии минтақа чанд рӯз давом ёбад.
Ба гуфтаи ӯ, то ҳол теъдоди ҷонбохтагон дар натиҷаи ин таркиш ба 70 нафар расид, 22 нафар бедараканд ва ҷасади 22 каси дигар шиносоӣ нашудааст. Вай гуфтааст, ки табибон талош доранд ҳувияти ин ҷасадҳоро маълум кунанд.
Қаблан, яке аз фарзияҳо нодуруст нигаҳ доштан ва рафтор бо маводи хатарноки тарканда, ки дар контейнери таркибҳои истеҳсоли сӯзишворӣ барои мушакҳо ҷойгир буд, гуфта мешуд.
Дар пайи инфиҷор дар шаҳри Бандар Аббос дирӯз, 28-уми апрел дар саросари Эрон мотами миллӣ эълон шуда, рӯзи 27-уми апрел дар тамом вилояти Ҳурмузгони ин кишвар давоми се рӯз азои умум эълом шуда буд.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар робита ба ин инфиҷори шадид ба раиси ҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
Таркиш дар шаҳри Бандар Аббос дар соҳили Халиҷи Форс дар ҷануби Эрон нифирӯзии 26-уми апрел рух дод ва дар пайи он, тибқи маълумоти расмӣ, то ҳол 70 кас фавтида, беш аз 1200 кас маҷруҳ шудаанд. Хисороти молии ин ҳодиса то ҳол эълон нашудааст.





“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста