Расонаҳои Эрон аз ҳамлаи Исроил ба ин кишвар хабар медиҳанд, ки дар пайи он чанде аз чеҳраҳои калидии низомии Ҷумҳурии Исломӣ кушта шудаанд. Вазири дифои Исроил гуфтааст, ин кишвар ҳамлаҳои "пешгирона" алайҳи Эрон анҷом додааст ва интизори посухи Эрон аст.
Чанд соат пас аз ҳамлаи Исроил ба Эрон, Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Ҷумҳурии Исломӣ бо судури як баёния гуфтааст, Исроил "бояд мунтазири муҷозоти сахте бошад".
Ӯ илова кардааст, ки Исроил бо ҳамлаи худ ба Эрон "барои худ сарнавишти талху дардноке тадорук дид ва онро қатъан дарёфт хоҳад кард".
Ба гуфтаи Хоманаӣ, нерӯҳои мусаллаҳи Эрон Исроилро раҳо нахоҳанд кард.

Раҳбари Эрон кушта шудани чанд тан аз фармондеҳони низомӣ ва донишмандони ҳастаии ин кишварро тасдиқ карда, гуфтааст, "ҷонишинон ва ҳамкорони онон бедаранг вазоифи худро пай хоҳанд гирифт".
Мақомоти Исроил дар ин кишвар вазъияти изтирорӣ эълон карда ва гуфтаанд, барои чанд рӯз ҳамлаи низомӣ ва даргирӣ омода шудаанд.
Ба гуфтаи мақомоти Исроил, интизор меравад Эрон ба ин кишвар "як ҳамлаи мушакӣ ва паҳподи" анҷом диҳад.
Расонаҳои Эрон аз шунида шудани инфиҷор дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар хабар додаанд. Дар наворҳо дида мешавад, ки дар пайи ҳамлаи Исроил чандин бино хароб гаштааст.
Тасвири кушташудаҳо ҳам дар наворҳои нашркардаи расонаҳои Эрон дида мешавад, вале то кунун теъдоди онҳо эълон нашудааст. Бархе расонаҳои Эронӣ, муддаъӣ шудаанд, ки ҳамлаҳои Исроил тавассути осмони Ироқ сурат гирифтаанд.
Артиши Исроил хабар додааст, ки ҷангандаҳои ин кишвар марҳилаи аввали ҳамла ба Эронро ба поён расонидаанд.
Артиши Исроил субҳи имрӯз бо судури як баёния ҳамчунин изҳор доштааст, ки "чорае ҷуз ин ҳамлаҳо" боқӣ намонда буд.
Ба гуфтаи артиши Исроил, онҳо "чандин маркази низомӣ, аз ҷумла барномаи ҳастаӣ дар нуқтаҳои гуногуни Эрон"-ро ҳадаф қарор додааст.

Вале Абулфазл Шикорчӣ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфтааст, ки Исроил хонаҳои истиқоматиро мавриди ҳадаф қарор додааст.
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон кушта шудани теъдоди аз масъулини низомӣ ва донишмандони ҳастаии ин кишварро тасдиқ кардааст.
Расонаҳо хабар медиҳанд, ки дар пайи ҳамлаи Исроил, Ҳусайн Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Эрон кушта шудааст.

Ҳамчунин, расонаҳои Эрон аз кушта шудани олимони ҳастаӣ - Фаридун Аббосӣ, раиси пешини Созмони энержии атомии Эрон ва Маҳдӣ Теҳрончӣ, раиси Донишгоҳи озод хабар додаанд.
Ҳамчунин, Ғуломалӣ Рашид, фармондеҳи Қароргоҳи марказии хотам-ул-анбиё низ кушта шудааст.

Хабаргузории "Тасним" навиштааст, ки дар ин ҳамла писари Ғуломалӣ Рашид ҳам кушта шудааст.
Абулфазл Шикорчӣ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфтааст, Исроил, ки бо ҳимояти Амрико ба Эрон ҳамла кард, "товони сангине пасмедиҳад".
Вале Амрико гуфтааст, ки дар Ҳамлаҳои Исроил ба Эрон нақш надорад. Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида ҳамлаи Исроилро "якҷониба" хонда, изҳор доштааст, ки "мо дар ҳамлаҳо алайҳи Эрон дахолате надорем".
"Авлавияти мо ҳифзи амнияти нерӯҳои амрикоӣ дар минтақа аст. Исроил ба мо гуфт, ки ин иқдомро барои дифоъ аз худ зарурӣ медонад", - гуфтааст Рубио.
Ӯ илова кардааст, ки Эрон набояд манофеъ ва нерӯҳои амрикоӣ дар минтақаро ҳадаф қарор диҳад.




Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста