Шаби гузашта то субҳи имрӯз, 15-уми июн ҳамлаҳои Эрон ва Исроил ба хоки якдигар шиддат дошт. Расонаҳо аз кушта ва маҷрӯҳ шудани чандин нафар дар пайи ин ҳамлаҳо хабар медиҳанд.
Ба навиштаи расонаҳои Эрон, ин кишвар дар чанд мавҷи ҳамла минтақаҳои гуногуни Исроилро ҳадаф қарор додааст.
Рӯзномаи исроилии "Times of Israel" аз кушта шудани 10 нафар дар ҳамлаҳои шаби гузаштаи Эрон хабар додааст. Ин расона навиштааст, ки беш аз 200 нафари дигар ҷароҳат бардошта, чандин тани дигар бедарак гаштаанд.
Сипоҳи посдорони Эрон пас аз мавҷи аввали ҳамла ба Исроил дар шаби гузашта, дар баёнияе эълон кард, ки "таъсисоти тавлиди сӯхти ҷангандаҳо ва марказҳои таъмини энерҷӣ"-и Исроилро бо "анбуҳе аз паҳподу мушакҳо” мавриди ҳадаф қарор додаанд.
Сипоҳ ин ҳамларо идомаи "Ваъдаи содиқ 3" гуфта, ҳушдор додааст, ки "дар сурати идомаи ҳуҷумҳо" ба Эрон "амалиёти шадидтар ва густурдатар" алайҳи Исроил анҷом медиҳад.
Расонаҳо аз расидани мушакҳои Эрон ба шаҳрҳои Телавив, Ҳайфо, Байтулмуқаддас, Тамра, Бат-Ям ва Реҳоват хабар додаанд. Ба навиштаи "Times of Israel", дар Бат-Ям ба 61 бино зарар расидааст.
Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ наворҳои зиёди ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии Эрон ба Исроил паҳн шуд, ки дар баъзе аз онҳо дида мешавад, бархе аз мушакҳо ба минтақаҳое дар Исроил зарба мезананд.
Бахши ростозмоии BBC навиштааст, ки дар пайи мавҷи якуми ҳамлаи имшабаи Эрон ба Исроил корхонаи коркарди нафти Ҳайфо осеб дидааст.
Дар тули шаб, борҳо Артиши Исроил аз мардум хост, ки ба паноҳгоҳҳо бираванд ва баъди чанде боз ба онҳо иҷозаи берун шудан дод.

Мақомоти Исроил хисороти расида ба ин кишварро расман эълон намекунанд. Аммо Исҳоқ Ҳертсог, раиси ҷумҳури ин кишвар бо ишора ба ҳамлаҳои охири Эрон аз “субҳи ғамангез ва душвор” дар Исроил сухан гуфтааст.
Аз сӯи дигар Артиши Исроил аз ҳамла ба ҳадафҳои гуногун дар Теҳрон ва дигар минтақаҳои Эрон хабар дод.
Расонаҳои Эрон ҳамла ба Ситоди фармондеҳии Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишварро тасдиқ кардаанд.
Ба гузориши "Тасним", яке аз сохтмонҳои идории ин Ситод дар минтақаи Навбунёди Теҳрон дар пайи ҳамлаи ҳавогардҳои Исроил "осеби ҷузъӣ" дидааст. Ин расона илова кардааст, ки дар ҳамлаи дигари Исроил Созмони пажӯҳиш ва навовариҳои дифоии Вазорати дифоъ низ зарар дидааст.
Ҳамчунин, расонаҳои эронӣ аз ҳуҷуми Исроил ба анбори нафти “Шаҳрон” дар Теҳрон ва як махзани сӯхт дар ҷануби Эрон хабар додаанд.
Субҳи имрӯз хабаргузории “Форс” навишт, сӯхтори анбори нафти “Шаҳрон” хомӯш шудааст, вале ҳадди хисороти он ошкор намешавад.

Шаби гузашта расонаҳои эронӣ чанд бор аз фаъол шудани падофанди ҳавоӣ (системаи дифоии ҳавоӣ)-и Эрон барои раҳгирии ҳамлаҳои Исроил хабар доданд.
Дар ҳамин ҳол, Сипоҳи посдорон гуфтааст, ки имшаб падофанди ҳавоии Эрон "муваффақ ба раҳгирӣ ва сарнагун кардани 3 мушаки "Круз", 10 паҳпод ва даҳҳо резапаранда (дрони хурд)-и" Исроил дар минтақаҳои даргири Ҷумҳурии Исломӣ шудааст.
Мақомоти Эрон расман дар мавриди хисороти ҳамлаҳои шаби гузаштаи Исроил ба ин кишвар чизе нагуфтаанд. Ин ҳам маълум нест, ки теъдоди умумии захмиёну ҷонбохтаҳо чӣ қадар аст.
Зимнан, Зафар Қандӣ, вазири беҳдоштӣ Эрон гуфтааст, ки бештари захмиву кушташудаҳо дар Эрон дар ду рӯзи ҳамлаҳои Исроил ба ин кишвар занону кӯдакнонанд, вале омори дақиқе ироа накрдааст.

Қаблан Амир Саид Ирвонӣ, намояндаи Эрон дар Созмони Миллаи Муттаҳид гуфта буд, ки дар ҳамлаҳои субҳи 13-уми июни Исроил 78 нафар кушта ва 320 тани дигар маҷруҳ гардидаанд.
Дар ҳамин ҳол, Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт, ҳамлаҳои Исроил “ҳаргиз бидуни мувофиқа ва ҳимояти Амрико наметавонист иттифоқ биафтад”. Ӯ дар дидор бо сафирони кишварҳои хориҷӣ субҳи имрӯз, 15-уми июн дар Теҳрон афзуд, ки Эрон далелҳои қотеъ ва оқилонае дорад, ки нишон медиҳанд, нерӯҳо ва пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна ба Исроил кумак кардаанд.

Аббос Ароқчӣ гуфтааст, Эрон намехоҳад даргириаш бо Исроил ба кишварҳои ҳамсоя густариш ёбад, магар ин ки шароит Эронро ба ин самт тела надиҳад. Ӯ афзудааст, ки вокуниши Эрон ба ҳамлаи Исроил "дар дифоъ аз худ ва дар посух ба таҷовуз" буда аст ва “агар таҷовуз мутаваққиф шавад, вокунишҳои мо ҳам мутаваққиф мешавад”.
Ӯ илова кардааст, ки ҳадафи Исроил аз ҳамла ба Эрон, халалдор кардани музокирот бар сари барномаи ҳастаӣ буд. Қарор буд даври навбатии музокироти Амрико ва Эрон 15-уми июн дар Уммон баргузор шавад. Баъди ҳамлаи Исроил, Теҳрон аз ширкат дар ин музокирот даст кашид.
Вале Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар саҳифаи “Truth Social”-и худ навиштааст, ки “Иёлоти Мттаҳида имшаб ҳеҷ нақше дар ҳамла ба Эрон надошт”.
Ӯ ҳушдор додааст, ки “агар Эрон ба ҳар шакле ба мо ҳамла кунад”, нерӯҳои мусаллаҳи Амрико ба он посух хоҳанд дод.
“Бо ин ҳол мо метавонем ба роҳатӣ тавофуқе миёни Эрон ва Исроил ҳосил кунем ва ба ин даргирии хунин поён диҳем”, - навиштааст Трамп.
Дар ҳамин ҳол, дирӯз, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо Доналд Трамп дар як гуфтугӯи телефонӣ танишҳои кунунии Эрон ва Исроилро баррасӣ кардаанд.

Кохи Сафед аз қавли Доналд Трамп навиштааст, "ӯ (Путин) мисли ман бовар дорад, ки ин ҷанги байни Исроил ва Эрон бояд хотима ёбад ва ман фаҳмондам, ки ҷанги ӯ (бо Украина) низ бояд хотима ёбад".
Ба гуфтаи Юрий Ушаков, ёвари раиси ҷумҳури Русия, Путин ҳамлаи Исроил ба Эронро маҳкум карда, пешниҳоди миёнҷигарӣ миёни ин ду кишварро кардааст.
Дар ҳоли ҳозир ҳар чанд соат хабарҳо аз фаъолияти падофандҳои ҳавоии Эрон дар минтақҳои гуногуни ин кишвар, аз ҷумла, Теҳрон нашр мешавад, ки гуфта мешавад, аз ҳамлаҳои Исроил раҳгирӣ мекунанд.
Дар минтақаҳои гуногуни Исроил ҳам чанд бор бонги хатар ба садо даромадааст.
Ҳарими ҳавоии ҳарду кишвар то ҳол баста мемонад.
Ёдрас мешавем, ки субҳи 13-уми июн Исроил ба чанд шаҳри Эрон, аз ҷумла, Теҳрон ҳамла кард, ки дар пайи он, чандин фармондеҳони баландпояи низомии ин кишвар ва донишмандони ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ кушта шуд.
Исроил ин ҳамларо “Бархостани шер” унвон карда, ҳадафи онро пешгирӣ аз дастёбии Ҷумҳурии Исломӣ ба силоҳи ҳастаӣ хонд. Вале Эрон борҳо гуфтааст, ки дар пайи сохтани бомбаи атомӣ нест ва ҳадафи барномаи ҳастаиаш сулҳомез аст.
Тарси ҷанг ва эҳсоси бегонагӣ. Чаро шарҳрвандии Русия барои муҳоҷирон дигар ҷолиб нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 июли соли 2025
Орди камғизо ва камхунии занон. Ҳукумат барои ҳалли ин мушкилот чӣ тадбир меандешад?
Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд. Президент дар Деваштич кадом иншоотро ба истифода дод?
Ёдгориҳои “Хуттали Қадим” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Дар Душанбе мусобиқаи “Шоми бокс” баргузор мегардад
196 ё 72? Дар ҷанги Украина чанд шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд?
Ҷаримаи роҳбари ошхонаи “Кабир”-и пойтахт барои “дӯздӣ”-и барқ
Пешакӣ огоҳ кунед. Муҳоҷирони тоҷик барои сафар ба Русия чӣ гуна бояд омодагӣ гиранд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 июли соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста