Рӯзи ҳафтуми даргирӣ миёни Исроил ва Эрон, ки бо ҳуҷуми аввалӣ оғоз гардид, бо хабари зарбаҳо ба минтақаҳои алоҳидаи ҳарду кишвар оғоз шуд.

Расонаҳои эронӣ навиштанд, ки Исроил ба наздикии таъсисоти ҳастаии оби сангини Хандоб (Арок)-и Эрон зарба задааст.

Артиши Исроил чанд соат пеш аз қасди ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Хандоб хабар дода, аз сокинони атрофи он хоста буд, ин минтақаро тарк кунанд.

Баъдтар артиши Исроил гуфт, ки ба беш аз “20 ҳадафи низомӣ дар пойтахти Эрон” ҳамла кардааст.

Пас аз зарбаи Исроил хабаргузории “Ирна” навишт,  ки “таъсисоти Хандоб пештар холӣ карда шуда буд ва ҳеҷ гуна хатари радиатсионӣ вуҷуд надорад”.

Чанд лаҳза пас аз ин ҳамлаи Исроил, рӯзномаи “Times of Israel” аз партофти мушакҳои Эрон ба шаҳрҳои Телавив, Рамат-Ган ва Ҳолон хабар дод.

Артиши Исроил ҳам аз шиносоӣ кардани партоби мушакҳои Эрон ба ин кишвар хабар дод ва дар марказ ва ҷануби кишвар бонги хатар зад.

Расонаҳои исроилӣ бо нашри наворҳо навиштанд, ки мушакҳои партобкардаи Эрон ба шаҳрҳои гуногуни Исроил расидаанд.

Мақомоти Исроил даъво кардааст, ки яке аз мушакҳо ба бемористони Сорока бархӯрдааст.

Аммо хабаргузории "Тасним", расонаи наздик ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломи (СПИИ) - и Эрон навишт, ки “ҳадафи ҳамлаи Эрон қароргоҳи бузурги фармондеҳӣ ва иттилоотӣ (истихборотӣ)-и артиши Исроил ва урдугоҳи иктишофии артиш дар парки технологии Гав-Ям, ки дар паҳлӯи бемористон воқеъ аст, буд”.

Ба навиштаи ин расона, дар ин марказҳо “ҳазорҳо нерӯи низомӣ, сомонаҳои фармондеҳии рақамӣ, амалиёти сойберӣ (киберӣ) ва сомонаҳои C4ISR-и артиши Исроил” буданд.

Теҳрон

Дар дақиқаҳои аввали пас аз партоби мушак, ба иттилои "Associated Press" 40 нафар маҷрӯҳ шуда, вазъи шаш нафари онҳо дар шаҳрҳои Ҳолон ва Рамат Ган вахим аст. 

 

Табодули ҳамлаҳо

Давоми шаби гузашта ҳам Исроилу Эрон ба қаламрави ҳамдигар зарба заданд.

СПИИ бори аввал аз истифодаи мушаки дурбурд ва думарҳилаии “Сиҷҷил” хабаро дод. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ навори партоби ин мушаки эронӣ паҳн шуд.

Мушаки "Сиҷҷил"
Акс аз AFP via Getty Images

Мақомоти Эрон дар тавсифи ин мушак навиштанд, ки он насли нав буда, имкони парвоз то 2000 километрро дорад ва ба низоми дифои ҳавоӣ тобовар аст. Аммо мушаххас гуфта нашуд, ки ин мушак ба кадом минтақа партоб шуд ва оё ба ҳадаф расид ё не.

Дар ҳамин ҳол, артиши Исроил гуфт, ки шаби гузашта ба чанд минтақаи Эрон ҳамла кардааст.  Расонаҳои Эрон ҳам навиштанд, ки аз дирӯз то кунун артиши Исроил ба Эрон чандин ҳамла анҷом додааст.

Зарбаҳо ба шаҳрҳои Теҳрон, Караҷ ва базе минтақаҳои дигари Эрон зада шудаанд. Падофанди ҳавоии Эрон низ чанд маротиба барои раҳгирии ҳамлаҳои Исроил фаъол шудааст.

Хабаргузории “Меҳр” аз ҳамла ба наздикии сохтмони марказии ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон низ хабар додааст. Навори баланд шудани дуд дар пайи ҳамла ба ин мавзеъ, ки дар Теҳрон қарор дорад, нашр шудааст.

Расонаҳои Эрон ҳамчунин дар шабу рӯзи гузашта аз ҳамла ба маҳаллаи Лавизони Теҳрон ва дигар минтақаҳои ин шаҳр хабар додаанд.

Эрон дар мавриди хисороти ҳамлаҳои Исроил ба ин кишвар хабар надодааст.

 

Таҳдиди Трамп, посухи Хоманаӣ ва эътирофи Путин

Дар баробари мушакпартоиву бомбафкании Исроилу Эрон, таниши лафзӣ миёни роҳбарони Ҷумҳурии Исломӣ ва Иёлоти Муттаҳида низ шиддат ёфтааст.

Алии Хоманаӣ

Ахиран роҳбари олии Эрон Алии Хоманаӣ дар як паёми телевизионии худ ба таҳдиди Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар бораи “таслими бечунучаро”-и Эрон посух дод, ки мардуми Эрон “ҳеҷ гоҳ таслим намешавад”.

“Афроди бохирад, ки миллат ва таърихи Эронро мешиносанд, ҳеч гоҳ бо забони таҳдид бо ин миллат сухан намегӯянд, зеро миллати Эрон таслимшуданӣ нест”, - гуфт Хоманаӣ.

Ҳамчунин, ӯ таъкид кард, ки “ҳама гуна мудохилаи низомии Амрико, бидуни шак, бо садамаи ҷуброннопазир ҳамроҳ хоҳад буд”.

Таҳдиди “таслими бечунучаро” аз сӯйи Доналд Трамп пас аз оғози ҳуҷуми Исроил ба Эрон чанд маротиба садо дод. Ӯ аввал дар як паёми кӯтоҳи худ дар шабакаи иҷтимоӣ ба ин нукта ишора кард ва баъдан дар суҳбат ба хабарнигорон ҳам ин талаби худро такрор намуд.

Доналд Трамп
Акс аз "Ройтерз"

Дар ин миён, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳам бори аввал дар ҳузури рӯзноманигорон ба шарҳи даргирӣ миёни Исроилу Эрон пардохт ва гуфт, ки дар Эрон дар атрофи раҳбарии сиёсии он кишвар “инсиҷом”, шакл гирифтааст. Вале ӯ дар бораи террори эҳтимолии Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ аз сӯи Исроил зикр кард, ки “ман ин мавзуъро шунидаам, аммо ҳатто намехоҳам ба он фикр кунам ва дар борааш ҳарфе бизанам”.

Путин ҳамчунин, таъкид кард, ки Эрон пас аз оғози ҳамлаи Исроил аз Русия кӯмаки низомӣ дархост накардааст. Аммо эътироф кард, ки Русия пештар ба Эрон силоҳҳои вазнин ирсол кардааст ва он ба оғози ҷанг рабте надорад.

Ёдрас мешавем, ки даргирӣ миёни Исроилу Эрон субҳи 13-уми июн, бо ҳуҷуми нобаҳангоми Исроил оғоз гардид. Исроил ҳамлаи худро “Бархостани шер” ва ҳадафи онро зарба задан ба таъсисоти ҳастаии Эрон гуфт.

Дар посух Эрон дар чанд мавҷи ҳамлаҳо бо мушакҳои болистикӣ минтақаҳои гуногуни Исроилро ҳадаф қарор дод. Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон эълом кард, ки ҳамлаи Эрон “Ваъдаи содиқ 3” ном дошта, ҳадафи аслии он посух ба таҷовузи Исроил аст.

Дар ин пайвандҳо хонед, ки дар рӯзи авввал, дуюм, сеюм, чоруму панҷум ва шашуми даргирӣ миёни Эрон ва Исроил чӣ гузашт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.