Бенямин Натаняҳу, сарвазири Исроил тасдиқ кард, ки ба пешниҳоди Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои эълони оташбас бо Эрон розӣ шудааст. Эрон то ин лаҳза эълони оташбасро расман тасдиқ накардааст.
Натаняҳу гуфтааст, “бо дарназардошти дастёбӣ ба ҳадафҳои амалиёт ва дар ҳамоҳангии комил бо Доналд Трамп, Исроил ба пешниҳоди президенти Амрико дар бораи қатъи оташи дуҷониба розигӣ дод”.
Ба гуфтаи Натаняҳу, Исроил дар ҷараёни амалиёт “ба ҳадафҳои пешгузошта ноил шуда, таҳдидҳоро аз байн бурдааст”.
Дар баробари ин, Натаняҳу таъкид кардааст, ки “ба ҳар гуна нақзи созиши оташбас шадидан посух хоҳад дод”.
Аммо то ин лаҳза, Эрон дар бораи оташбас расман изҳори назар накардааст.
Дар хусуси эълони оташбас пештар Доналд Трамп хабар дода буд. Ӯ субҳи имрӯз, 24-уми июн, дар шабакаи иҷтимоии худ навишт, ки ин оташбас шаш соат баъд ва пас ва он ки ду кишвар (Эрону Исроил) “маъмуриятҳои ниҳои худро анҷом диҳанд”, оғоз мешавад.
Расонаҳо менависанд, ки оташбас миёни Исроил ва Эрон бо миёнҷигарии Амрико тавассути Далати Қатар имконпазир гаштааст.
Нашрияи Axios бо такя ба манобеи худ менависад, ки Доналд Трамп музокирот оид эълони оташбас миёни Исроил ва Эронро ҳанӯз пеш аз зарбаи Эрон ба пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Қатар оғоз карда буд. Ба навиштаи ин расона, Трамп ҳанӯз пеш аз ҳамлаи Эрон ба пойгоҳи ҳавоии Удайд дар Қатар ба Стив Уиткофф, намояндаи махсуси худ оид ба Ховари Миёна, супориш додааст, ки ба Теҳрон хоҳиши ӯро дар бораи қатъи ҷанг расонад. Аммо Теҳрон ин пешниҳодро рад карда, гуфтааст, ки танҳо баъди посух ба зарбаи Амрико ба дипломатия рӯ меорад.
Ба навиштаи ин расона, баъди мушакандозӣ ба пойгоҳи низомии Амрико дар Қатар, Эрон ба Амрико аз омодагии худ ба музокирот хабар додааст. Ва баъди ин, Трамп ба сарвазири Исроил занг зада ба зарурати хатми ҷанг таъкид кардааст.
Баъди розии Эрону Исроил, Трамп аз Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ, амири Давлати Қатар хоҳиш кардааст, барои созиши оташбас миёнарав бошад.
Бояд гуфт, даргирӣ миёни Исроил ва Эрон шаби 13-уми июн бо ҳуҷуми беасоси дуюмӣ оғоҳ шуд. Дар пайи ҳамлаи Исроил чанд фармондеҳи низомӣ, донишмандон ва сокинони маҳаллӣ ҷон бохтанд. Шаби ҳамон рӯз Эрон ба Исроил ҳамлаи ҷавобӣ кард ва чанд нафарро куштаву захмӣ намуд. Даргирӣ 12 рӯз идома кард ва тибқи маълумоти расонаҳои ду кишвар, зимни он садҳо тан куштаву ҳазорон нафар ҷароҳат бардоштанд.





"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42
“Нарх гарон мешавад”. Ҷанг дар Эрон тоҷирони тоҷикро нигарон кардааст
Эмомалӣ Раҳмон Муҷтабо Хоманаиро ба муносибати раҳбари олии Эрон интихоб шуданаш табрик гуфт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2026
Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд. Рӯзи даҳуми даргирӣ дар Ховари Миёна
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста