Исроил мегӯяд, шаби 6 ба 7-уми июл ба мавзеъҳои Ҳусиҳо дар Яман бо 20 ҷанганда ҳамла кардааст. Ба гуфтаи Артиши Исроил, онҳо дар ҳамлае бо номи “Парчами сиёҳ” бандарҳои Ҳудайда, Раъс Исо ва Салиф, инчунин, як нерӯгоҳи барқиро бо беш аз 50 бомб ҳадаф қарор додаанд.
Бандари Ҳудайда, яке аз нуқтаи асосии вуруди кумакҳои башардӯстона барои миллионҳо ғайринизомӣ дар Яман аст, ки қаблан ҳам мавиди ҳуҷуми Исроил қарор гирифта буд.
Ба гуфтаи Исроил Катс, вазири дифои Исроил артиши ин кишвар, ҳамчунин, киштии “Галакси Лидер”-ро дар бандари Раъс Исо, ки Ҳусиҳо дар охири соли 2023 онро “рабуда” буданд, ҳадаф қарор додааст. Ин киштиро Исроил қаблан барои назорати киштиҳо дар обҳои байналмилалӣ истифода мекард.
Хабаргузории "Ал-Ҷазира" бо такя ба “Ал-Маёдин”, расонаи вобаста ба Ҳусиҳои Яман, ҳамла ба бандари Ҳудайдаро таъйид кардааст, аммо дар мавриди ҳаҷми хисороти он мушаххас чизе нагуфтааст.
Ба навиштаи ин расона, падофанди Ҳусиҳо беш аз ним соат дар ҳарими ҳавоии дарёи Сурх бо ҳавопаймоҳои ҷангиву бомбафкани Исроил даргир шуда, бахше аз ҳамлаҳои онҳоро раҳгирӣ кардааст.
Дар ҳамин ҳол, чанд соат пас аз ҳамлаи Исроил ба Яман, Артиши ин кишвар эълом кардааст, ки Ҳусиҳо ба Исроил ду мушак партоб кардаанд.
Дар пайи ин дар бархе шаҳрои Исроил, аз ҷумла Телавив ва Байтулмуқаддас бонги хатар ба садо даромада, сокинони он барои чанд соат ба паноҳгоҳҳо рафтаанд.
Артиши Исроил гуфтааст, ки талош барои раҳгирии мушакҳоро анҷом додааст ва ҳоло баррасӣ дорад, ки дар ин талошҳо мушакҳо сарнагун шудаанд ё не. Мақомоти беҳдошти Исроил гуфтаанд, ки аз куштаву захмиён дар пайи партоби ин мушакҳо гузориш дарёфт накардаанд.
Хусиҳо гурӯҳе, ки беш аз бист сол ин ҷониб дар Яман фаъоланд ва соли 2011 дар барканории Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раиси ҷумҳури ин кишвар нақши умда доштанд. Айни ҳол онҳо минтақаҳоеро дар Яман зери назорат доранд.
Ҳусиҳо аз Ғазза ҷонибдорӣ ва Исроилро маҳкум мекунанд. Баъди оғози бомбборони Ғазза аз сӯйи Исроил, Ҳусиҳо пайваста киштиҳои тиҷоратии ин кишварро зери ҳамла қарор медиҳанд ва ба Исроил ҳам чанд бор мушак партоб карданд.




Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста