Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон соате пас аз суханронияш дар Созмони милали муттаҳид ва дидор бо Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, дар шабакаи “Х”-и худ навишт, “роҳҳали қатъӣ дастрас аст”. Макрон ҳам дар “Х”-и худ бо баёни чанд шарт изҳор доштааст, “ҳанӯз фурсат барои боздошти таҳримҳо (алайҳи Эрон) боқӣ аст”.
Дар ҳамин ҳол, Стив Уиткоф, намояндаи вижаи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар умури Ховари Миёна ҳам аз “тамоюл”-и кишвараш барои музокира бо Эрон хабар дод ва гуфт, “дар ҳоли музокира бо онҳо ҳастем”.
Дирӯз, 24-уми сентябр, ду рӯз пеш аз оғози бозгашти таҳримҳои СММ алайҳи Эрон, Масъуд Пизишкиён бо Эммануэл Макрон дар ҳошияи иҷлосияи Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид дар Ню-Йорк мулоқот кард.
Баъди мулоқот Пизишкиён дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, “дар бораи дидгоҳи тарафайн табодули назар шуд ва роҳҳали рафъи нигаронии Аврупо ва таъмини манфиатҳои Эрон ба равшанӣ баён гардид. Дар сурати пойбандӣ ба ҳаққу инсоф ва таъмини манофеи тарафайн роҳҳали қатъӣ дастрас аст”.
Раисҷумҳури Эрон гуфт, ҳамчунин, “бар сари ҳалли мавзуи зиндониёни ду тараф низ тавофуқ кардем”.
Озодии се зиндонии фаронсавӣ аз ҷумлаи шартҳое аст, ки Макрон дар нигоштаи худ дар “Х” дирӯз барои созиш бо Эрон зикр кардааст. Ӯ ба ҷуз ин, се хостаи дигарро ҳам ба таври ҷудогона баён кард: “Дастрасии комили бозрасони Оҷонсии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ ба Эрон, шаффофият дар мавриди урани ғанишуда ва азсаргирии фаврии музокирот”.
Макрон навишт, “имкони дастёбӣ ба тавофуқ вуҷуд дорад, аммо танҳо чанд соат боқӣ мондааст”.

Ӯ ин тақозоҳоро қонунӣ хонд ва гуфт, посух додан ба онҳо бар уҳдаи Эрон аст. Макрон афзудааст, ки таъйини сарнавишти барномаи ҳастаии Эрон барои амнияти минтақа ва суботи ҷаҳон муҳим аст. Ӯ бори дигар такрор кард, ки Эрон набояд ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад.
Изҳороти Макрон дар ҳолест, ки Пизишкиён дар суханронии худ дар Созмони миллал рӯзи 24-уми сентябр ба тундӣ аз тарафҳои аврупоии музокироти ҳастаии Эрон интиқод карда, гуфт, онҳо бо дастури Амрико таҳримҳои “созукор (механизм)-и моша”-ро фаъол карданд. Созукори моша ин бозгашти таҳримҳои СММ алайҳи Эрон аст, ки соли 2015 баъди тавофуқи БАРҶОМ (Созишномаи ҳастаие, ки миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳон имзо шуд) боздошта шуда буданд. Амрико аз он хориҷ шуд, аммо дигар кишварҳои аврупоӣ ба он пойбанд боқӣ монда буданд.
Ҳоло Эрон ва кишварҳои аврупоӣ якдигарро ба иҷро накардани уҳдадориҳои худ дар чаҳорчӯби созишнома БАРҶОМ муттаҳам мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи чаҳоршанбе, Стив Уиткоф бори дигар аз тамоюли Амрико барои музокираи мустақим бо Эрон хабар дод. Ба гузориши “Ройтерз”, ӯ гуфтааст, “мо дар ҳоли гуфтугӯ бо онҳо (Эрон) ҳастем".
Ин дар ҳолест, ки Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон рӯзи 23-юми сентябр дар як паёме гуфт, музокира бо Амрико натанҳо суде надорад, балки зарари маҳз аст. Ӯ дар айни ҳол изҳор дошт, ки “Эрон ғанисозии уранро бознамедорад”.
То пеш аз ҷанги 12-рӯзаи Исроил дар Эрон, Ҷумҳурии Ислмӣ бо Иёлоти Муттаҳида дар Умон ва Рум 5 даври музокирот бар сари барномаи ҳастаии Эронро баргузор карда буданд. Аммо баъд аз ҷанг Теҳрон Амрикоро ба хиёнат дар музокирот ва дипломатия муттаҳам карда, гуфтушунид бо Вашингтонро боздошт.





Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста