Ин нишаст рӯзи 7-уми октябр дар пойтахти Русия бо ширкати намояндаҳои Тоҷикистон, Эрон, Русия, Чин, Ҳинд, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон доир шуда, ҳайате аз Белорус ҳам ба унвони меҳмон дар он ҳузур доштааст.
Дар нишаст ҳайати Толибон* таҳти раёсати Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷаи ин гурӯҳ ширкат кардааст.
Ба гузориши расонаҳои Афғонистон, амният ва таҳдиди терроризм дар Афғонистон яке аз бахшҳои аслии баҳс дар нишасти "Формати Маскав" оид ба вазъи Афғонистон будааст.
Дар баёнияи муштараки ширкаткунандагони ин нишаст омадааст, ки аз Афғонистон барои иҷрои иқдоми муассир дар решакан кардани терроризм ҳимоят шавад, то хоки ин кишвар ба таҳдиде барои амнияти минтақа ва фаротар аз он табдил нагардад.
Амирхон Муттақӣ дар нишаст иддао кардааст, ки ҳеҷ гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон ҳузур надорад ва ин гурӯҳҳо "берун“аз марзҳои Афғонистон” фаъолият мекунанд. Муттақӣ аз ҳеҷ кишваре ном набурда, танҳо гуфтааст, ки кишварҳои минтақа бояд иқдоми амалӣ анҷом диҳанд. Ӯ ҳузури гурӯҳи террористии "ДОИШ-и Хуросон" дар Афғонистонро ҳам рад кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи рӯзномаи “8 субҳ”, Андрей Белоусов, вазири дифои Русия чанде пеш гуфтааст, ҳудуди 20 гурӯҳи террористӣ бо 22 ҳазор ҷангҷӯ дар Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон ҳузур доранд.
Покистон, Русия, Чин ва Эрон низ аз ҳузури гурӯҳҳое чун “Ал-Қоида”*, ДОИШ*, “Таҳрики Толибони Покистон”*, “Ҷайш-ул-Адл”*, “Ҷунбиши озодихоҳи Балуҷистон”* ва “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ”* дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кардаанд.
Нишасти “Формати Маскав” чанде пас аз он баргузор шуд, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар бораи талошҳо барои бозпас гирифтани пойгоҳи ҳавоии “Багром” дар Афғонистон ҳарф зад. Ин мавзуъъ дар изҳороти муштараки нишасти Маскав ҳам садо додааст.
Дар он гуфта мешавад, ширкаткунандагони “Формати Маскав” “талошҳои ҳар кишвар барои таъсиси зерсохтҳои низомӣ дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи онро ғайриқобили қабул медонанд, зеро ин гуна амал ба нафъи сулҳу субот дар минтақа нест".
Аз Тоҷикистон кӣ дар ин ҷаласа ширкат карда ва чӣ гуфтааст, маълум нест.
Бояд гуфт, ки нишасти Маскав дар масоили сулҳу ҷанги Афғонистон соли 2017 таъсис дода шуда буд. Соли гузашта нишасти шашуми ин формат ҳам дар Маскав гузашта буд ва дар он сардори яке аз раёсатҳои ВКХ Тоҷикистон низ ширкат дошт
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи "Толибон" моҳи августи соли 2021 Афғонистонро ғасб карда, ҳукумати ин кишварро ба даст гирифтанд ва чор сол мешавад, ки ҳукмронӣ доранд. То имрӯз ҳукумати ин гурӯҳро ба ҷуз Русия касе ба расмият нашинохтааст. Ҳарчанд бархе аз кишварҳои минтақа ба монанди Қазоқистон ва Қирғизистон "Толибон"-ро аз феҳристи созмонҳои террористӣ дар ин кишварҳо берун кардаанд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Толибон ташаккули ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони ҳамаи қавмҳо ва гурӯҳҳои сиёсии Афғонистонро талаб дорад. Талабе ки то ҳол бепосух мондааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.





Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста