Зуҳрон Мамдонӣ, сиёсатмадори 34-солаи демократ шаҳрдори Ню-Йорк, маркази молии ин кишвар интихоб шуд. Ӯ аввалин мусулмон ва зодаи Африқо аст, ки роҳбарии ин шаҳри пурнуфузи ИМА-ро ба зимма гирифт. “Азия-Плюс” бо истифода аз матолиби хабаргузории ВВС аз корнома ва шахсияти Мамдонӣ, инчунин баҳсҳое, ки атрофи корзори интихоботии ӯ сар зад, ёдовар мешавад.

Тибқи натиҷаҳои ғайрирасмии аввалия, Зуҳрон Мамдонӣ дар интихоботи шаҳрдори Ню Йорк рӯзи 4 ноябр бо ба даст овардани 50,4% овоз пирӯз шуд. Ӯ ҷавонтарин шаҳрдори Ню-Йорк дар 100 соли охир буд ва аз оилаи муҳоҷире аст, ки чанд сол пеш ба Амрико кӯч баста буданд. Рақобати интихоботии ӯ барои касби ин мақом дар чанд моҳи гузашта пур сар ва садо буд. Ӯ дар рақобат бо Андрю Кумо, ҳуқуқдон ва писари шаҳрдори собиқи Ню-Йорк пирӯз шуд.

Нафаре, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар ин рақобат аз ӯ ҳимоят мекард. Раисҷумҳури Амрико аз раъйдиҳандагон хост, Зуҳрон Мамдониро интихоб накунанд ва овози худро ба Андрю Кумои ҷумҳурихоҳ диҳанд. Вай ҳатто соате қабл аз поёни раъйгирӣ таҳдид кард, ки дар сурати пирӯзии Зуҳрон Мамдонӣ буҷети федералии Ню-Йоркро кам хоҳад кард.

Зуҳрон Мамдонӣ ва Доналд Трамп
Коллажи Ройтерз

“Аз Андрю Кумо чӣ хушатон ояд, чӣ наояд, воқеан чораае надоред. Бояд ба ӯ раъй диҳед. Умедвор бошед, ки амалкардаш хуб аст”,- навишта буд раисҷумҳури Амрико дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Зуҳрон Мамдонӣ дар посух ба ин изҳорот кӯтоҳ гуфт, “ин забони таҳдид аст, на баёни қонун”. Ӯ изҳор дошт, ки кӯшиш мекунад, бо президент Доналд Трамп барои манфиати шаҳр ҳамкорӣ кунад, аммо аз ӯ наметарсад.

 

Нигоҳе ба зиндагӣ ва корномаи Зуҳрон Мамдонӣ

Зуҳрон Мамдонӣ дар шаҳри Кампалаи кишвари Уганда дар хонаводаи мусулмони ҳинду таваллуд шуда, дар 7-солагӣ бо волидон ба Ню-Йорк муҳоҷир шудааст. Модараш, Мира Наир, коргардони филмҳои ҳинду-амрикоӣ ва падараш, Маҳмуд Мамданӣ, як олими угандаӣ аз насли ҳинду аст. Оилаи ӯ аз Уганда ба Африқои Ҷанубӣ ва сипас ба шаҳри Ню - Йорк кӯчид. Ӯ шаҳрвандии ИМА-ро дар соли 2018 ба даст овард.

Пеш аз фаъолияти сиёсии худ, Мамдонӣ ба кӯмак ба сокинони камдаромаде, ки бо ихроҷ рӯбарӯ буданд, тамаркуз кард. Ин эҳтимол дар табдил додани манзили дастрас, ба як пояи асосии маъракаи шаҳрдори Ню - Йорк нақш бозидааст.

Тамаркузи корзори интихоботии Зуҳрон Мамдонӣ шиорҳои сосиолистӣ буданд, ки сабаб шуд, ҳатто ҷумҳурихоҳон ӯро "коммунист ва таҳдиде барои амнияти миллӣ" бихонанд.

Зуҳрон Мамдонӣ
Акс аз Reuters

Мамдонӣ дар корзори интихоботӣ ваъда дод, ки автобусҳоро ройгон мекунад, афзоиши маблағи иҷораро қатъ менамояд ва таҳсили кӯдакон дар кӯдакситонҳоро ройгон ба роҳ мемонад. Ӯ гуфт, бо афзоиши молиёти сарватмандон ва ширкатҳои бузург пули ҳангуфти ин хидматҳоро барқарор мекунад.

Идеяҳои Зуҳрон Мамдонӣ бо мухолифати сарватмандон рӯ ба рӯ шуд. Баъзеҳо таҳдид карданд, ки агар Мамдонӣ шаҳрдор шавад, аз Ню-Йорк мераванд, то молиёти бештар надиҳанд. Чанд сарвартманд миллионҳо долларро ба корзори интихоботии Андрю Кумо кумак карданд. Вале зоҳиран ин кор ҳам ба ӯ кӯмак накард.

 

Мунаққиди ҳамлаҳои Исроил ва созгорӣ бо яҳудиёни ИМА

Як сол пеш камтар касе бо Зуҳрон Мамдонӣ, намояндаи 33-солаи маҷлиси сенати иёлотии Ню-Йорк ошно буд. Вуруди ӯ ба мубориза барои расидан ба шаҳрдори ин шаҳр ҷиддӣ гирифта нашуд. Калиди муваффақияти ӯ ҳимояти насли ҷавон буд, ки аз нобаробарии иқтисодӣ дар Амрико норозӣ буданд.

Зуҳрон Мамдонӣ
Акс аз Wikimedia Commons

Мамдонӣ бар хилофи бештари ИМА дар давраи интихобот бепарво аз Исроил интиқод мекард ва ин ҳам сабаби зиёд ҳаводор пайдо карданаш шуд.

Интиқод аз Исроил ва дифоъ аз хезишҳои фаластиниён боис шуд, рақибон ва бахши қобили таваҷҷуҳе аз раъйдиҳандагони яҳудии Ню-Йорк ӯро ба яҳудситезӣ муттаҳам кунанд ва аз амнияти худ дар шаҳре, ки ӯ шаҳрдораш мешавад, ибрози нигаронӣ намоянд. Мамдонӣ дар иваз бо раҳбарони мазҳабии яҳудӣ мулоқот карда, итминон дод, ки интиқодҳояш аз давлати Исроил ба маънои зиддият бо яҳудиён нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.