Вохӯрии намояндагони Бонки Эсхата бо раисони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои кишвар идома дорад. Мақсади асосӣ расонидани маълумотҳои зарурӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ оид ба самаранокии захираҳои обию барқӣ ба ҳисоб рафта, муаррифии хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла қарзҳои аграрӣ мавзӯуи вохӯрӣ буд.
Яке аз методҳои нави ҷараёни кори хоҷагиии қишлоқ обёрикунии қатрагӣ, сохтани гармхона ва кофтани чоҳҳои амудӣ мебошад. Иштирокчёни вохӯрӣ дар бораи афзалиятҳои намудҳои нав, технологияи насби он, роҳҳои ҷорӣ намудани онҳо, шартҳои маблағгузорӣ аз наздик шинос шуданд.
Дар рафти вохӯрӣ, ки 80 нафар раисони хоҷагиҳои деҳқониро ҷамъ овард, ҳамоҳангсози агроқарзҳои Бонки Эсхата Шуҳрат Усмонов, директори филиали ноҳияи Рудакӣ Ғайратшоҳ Самиев ба ҳозирин доир ба роҳҳои беҳтарин ва методҳои нави истифодаи обу замин ва натиҷаҳои онро фаҳмониданд.
Боиси қайд аст, ки Бонки Эсхата маблағҳои қарзиро барои рушди хоҷагии қишлоқ бо шартҳои осон пешниҳод мекунад. Дар ин замина ба деҳқонон ҳам аз ҷиҳати молиявӣ ва ҳам техникӣ ва машваратӣ кӯмак расонида шуда, шарики Бонк ташкилоти Сароб ва намояндагони лоиҳаи Климадапт маҳсуб меёбанд.
Ноҳияи Рудакӣ яке аз ноҳияҳои аграрии кишвар буда, деҳқонон асосан бо чорводорӣ, боғпарварӣ ва растанипарварӣ машғул мебошанд.
Дар рафти мулоқот иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифта, ният доранд минбаъд дар ҳамкорӣ бо Бонки Эсхата роҳҳои иноватсионии идоракунии обу замин ва қувваи барқро ҷорӣ намоянд.




Фурӯпошии қудрати мувозӣ дар Қирғизистон
Қариб 250 млн сомонӣ ришва танҳо дар БДА. Оҷонсии зиддифасод ниҳодҳои фасодзадаи Тоҷикистонро гуфт
Соли гузашта содироти ангур аз Тоҷикистон ба Русия 25% зиёд шудааст
Вазири тандурустӣ гуфт, табибони халқӣ чӣ гуна бояд фаъолият кунанд
Бекор шудани 601 млн сомонӣ қарзи аҳолӣ. “Шабакаҳои тақсимоти барқ” мегӯяд, дурустии қарзи солҳои пешинро месанҷад
Ҳукумати Русия аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷиронро дар Тоҷикистон тасдиқ кард
“Поянда бод забони порсӣ!” Нигина Амонқулова барандаи ҷоизаи “Қанди порсӣ” шуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 28
Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии S&P як зина беҳтар шудааст. Ин чӣ маъно дорад?
Бо гузашти 4 сол ҳанӯз барномаи “Ислоҳнигорӣ” омода нашудааст. Кумитаи забон боз чӣ баҳона пеш овард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста