Радио эфир
Бонки миллии Тоҷикистон барои пешгирии беқурбшавии сомонӣ аз ҳафтаи гузашта ба ин сӯ дар чанде аз минтақаҳои шаҳри Душанбе фурӯши ҳамарӯзаи то 2 миллион доллари ИМА-ро ба роҳ мондааст.
Намояндагони Раёсати хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии вилояти Хатлон ахиран маводи доруворӣ ва ороишию гигиении муҳлаташон гузаштаро маҳв карданд. Ба гуфтаи ...
Дар Тоҷикистон то кунун зиёда аз 3 ҳазору 300 маҳбус дар доираи татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» аз ҳабсхонаҳо ва муассисаҳои маҳали сукунат озод карда шудааст.
Камии маош ва гаронии нархи хона аз мушкилоти умдаи мардуми Тоҷикистон аст. Ҳамзамон коршиносон мегӯянд, гурӯҳҳои монополӣ арзиши манзили истиқоматиро дар Душанбе ба таври сунъӣ баланд нигоҳ медоранд.
Субҳи имрӯз қисмати пиёдагузари кӯпруки мошингарди болои дарёи Элок, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ фурӯ рафт. Тавре шоҳидон иброз доштанд, ин ҳодиса баъд аз гузашти як мошини боркаш аз болои пул рух додааст. Талафоти ҷонӣ дар ин ...
Норасоии китобҳо бо алифбои брайлро нобиноёни Тоҷикистон аз мушкилоти умдаи худ медонанд, зеро он душвории дигарро барои ин гурӯҳи ранҷури аҳолӣ ба бор овардааст. Аз таҳсил дур мондани нобиноён, пайдо накардани ҷойи кор ва адами дастрасӣ ба иттилоот...
Норасоии таваққуфгоҳу терминалҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз иллатҳои аслии роҳбандон ва ҷойгирсозии бенизоми нақлиёт дар атрофи бозорҳо маҳсуб меёбад. Муҳаммад Туғонов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркаш, ...
Сайёра Мирзоева хонумест нобино, ки баъд аз муборизаи дусола аз ягона сарпаноҳаш маҳрум мешавад, агар шаҳрдории Қӯрғонтеппа онро ба вай бозпас надиҳад.
Агентии омори назди Президенти ҶТ натиҷаҳои пажӯҳиши таҷрибавии баҳодиҳии гуногунии таркиби ғизои занонро, ки дар чаҳорчӯбаи тадқиқоти буҷаи хонавода моҳи июни соли 2014 дар вилояти Хатлон гузаронида шуд, муаррифӣ кард. Тоҷикистон пажӯҳиши м...
Камии теъдоди нашр, дер ба чоп расидан, дастмузди ночиз (аз 250 то 450 сомонӣ), норасоии дастгоҳҳои замонавӣ, дурии роҳ то чопхонаи Қӯрғонтеппа ё Душанбе, кор накардани бештари чопхонаҳои ноҳиявӣ, воҳидҳои кории кам ва худдории мутахассисони ҷавон аз фаъо...
Ҳамасола шанбеи дуюми моҳи октябр Рӯзи байнулмилалии кӯмаки паллиативӣ ё таскинбахш қайд карда мешавад. Дар кишварҳои пешрафтаи олам ҳанӯз аз соли 1982 кӯмаки паллиативӣ ҷорӣ гардида буд. Аммо дар Тоҷикистон ин намуди хизматрасонии тиббӣ ба афроди м...
Пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 70 соли охир наздик ба 30% ҳаҷми худро кам кардаанд. Дар ин муддат қариб 1000 пиряхи хурд дар Тоҷикистон об шудааст.
Нахустин филми тасвирии тоҷикӣ дар шакли сеандоза ё худ 3D рӯзи якшанбе, 21-уми сентябр дар толори синамои «Зебуниссо» муаррифӣ гардид. Барои таҳияи ин филми тасвирӣ, ки «Афсонаи Аура» ном гирифтааст, мутахассисони тоҷик ду сол заҳмат ка...
Масоили ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон ва вазъи муассисаҳои пӯшидаи кӯдакона рӯзи 16-уми сентябр дар Душанбе зимни конфронси байнулмилалии «Пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон» баррасӣ шуданд. Ҳамоиши мазкур дар доираи лоиҳаи ...
Дар шабакаи иҷтимоии YouTube наворе санаи 11-уми сентябр аз шабакаи Al Belad News пахш гардид, ки аз боздошти як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар ин навор Олим Юсуф Маҳмадшариф худро аз Душанбе муаррифӣ мекунад ва дар б...
Дар нимаи аввали соли 2014 беш аз 25 ҳазор мубталои бемории ҷоғар дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудаанд.
Агар дар шаҳри Душанбе наздики 18 миллион сомоние, ки ҳамчун фитри рӯза дар Иди Рамазон ҷамъ мешавад, танҳо ба эҳтиёҷмандону афроди камбизоат дода шавад, чӣ қадар савобро Худованд насиби мову шумо мегардонад. Ин нуктаро раиси шаҳри Душанбе М...
Мутобиқи моддаи 320 (Додани пора) аллакай парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар шабакаи иҷтимоии Facebook навори видеойӣ бо иштирокчии эҳтимолии ҳамла ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ интишор шуд. Навори видеойӣ аз ҷониби корбари шабакаи иҷтимоии мазкур Ҷамшед Наҷмиддинов санаи 12-у...
Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Расул Боқиев феълан барои иштирок дар мусобиқаи байнулмилалии дзюдо дар Фаронса омодагӣ мебинад ва дар сурати ғолибият, дар Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2016 ширкат хоҳад кард. Расул Боқиев дар суҳбат ба Хабаргузо...