Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Энтони Блинкен, котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Вашингтон вазъи кунунӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба иттилои ВКХ-и Тоҷикистон, ҷонибҳо зимни мулоқоти дирӯза, 27-уми сентябр, перомуни аҳаммияти платформаи “С5+1” барои минтақа ҳам гуфтушунид кардаанд.
Гуфта мешавад, ки платформаи “C5+1” соли 2015 барои баррасии масъалаҳои минтақавӣ таъсис дода шуда, дар ҳайати он Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва ИМА шомиланд.
Ҷонибҳо ҳамчунин, муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрикоро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ҳамкориҳои амниятӣ баррасӣ карда, бобати истифодаи имкониятҳои васеъ барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби барномаҳои Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) табодули афкор карданд.
Ҳамин тавр, дар мулоқот вазъи кунунии Афғонистон баррасӣ гардида, зарурати таҳкими ҳамкориҳо дар мубориза бо чолишу таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир таъкид шудааст.
Ёдовар мешавем, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориқии кишвар 24-уми сентябр дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк суханронӣ карда, мавқеи Тоҷикистонро дар робита ба масоили марзии кишвар бо Қирғизистон шарҳ дод.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ирландия, Норвегия и Испания готовы признать палестинское государство
С 25 мая по Душанбе будут курсировать двухэтажные туристические автобусы
Роспотребнадзор выявил в России новый вариант коронавируса
Уплывающий потенциал. Из-за изменения климата крупные плотины ГЭС становятся все более уязвимыми
Эмомали Рахмон отправился в Иран. Он примет участие в церемонии прощания с Раиси
Кохир Расулзода примет участие в заседании глав правительств СНГ в Ашхабаде
Баходур Усмонов получил новый вызов. Он проведет бой с российским боксером
Цены на сахар в Таджикистане растут, а своего производства нет
Mash: «крупных миллиардеров» из «Талибана» не пустили в Казань
ЕС согласовал план по использованию замороженных российских активов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста