Нафақаи ҳадди ақали иҷтимоӣ, ки категорияҳои муайяни шахсон (маъбон аз кӯдакӣ) дар Тоҷикистон мегиранд, 93,6 сомонӣ (наздики 10 доллар)-ро ташкил медиҳад. Нафақаи баландтарин ба наздики 6 ҳазор сомонӣ мерасад.

Муовини аввали директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Назокат Одиназода зимни нишасти хабарии ҷамъбасти нимсола изҳор намуд, ки айни замон дар Тоҷикистон масъалаи боло бурдани синнусоли ба нафақа баромадан мавриди баррасӣ қарор надошта, синни нафақа барои занон – 58 сол ва мардон – 63 сол боқӣ мемонад.

Бино ба гуфтаи ӯ, нимсолаи аввали соли 2018 ҳаҷми миёнаи нафақа дар вилояти Суғд – 256,8 сомонӣ, Хатлон – 257,4, ВМКБ – 332,6, ноҳияҳои тобеи марказ – 254,7, шаҳри Душанбе – 368,4 ва дар саросари кишвар дар маҷмӯъ – 301 сомонӣ (ҳудуди 32 доллар)-ро ташкил додааст.

“Шумори умумии нафақахӯрон дар Тоҷикистон 679 ҳазору 87 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 232 ҳазору 72 нафар ё худ 3,5% бештар аст, - қайд кард ӯ. – Ба ҳар як нафақахӯр дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 2 коргар рост меояд”.

Зимнан зикр гардид, ки нимсолаи аввали соли 2018 ба буҷети Агентӣ 1 млрд. 245,8 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 81,7 млн. сомонӣ зиёдтар мебошад.

Ҳамчунин қайд шуд, ки тӯли 6 моҳи аввали соли ҷорӣ ба 19,5 ҳазор нафар ба маблағи умумии 21,4 млн. сомонӣ кумакпулии корношоямии муваққатӣ пардохт шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.