Абдухалил Холиқзода, соҳибкори тоҷик ва мудири Бемористони “Ибни Сино” дар Душанбе 57-умин солгарди умрашро дар боздоштгоҳ пешвоз мегирад. Ӯ, ки имрӯз, 57-сола шуд, тобистони соли равон боздошт ва ҳоло барои “барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ” гумонзад аст. Боздошти ӯ ба нашри китоби дуввумаш бо номи “Ҳаводиси рӯзгори ман” рабт дорад, ки дар ҷомеа сару садоро барпо карда буд.

Абдухалил Холиқзода кист?

Холиқзода 20-уми марти соли 1966 дар рустои Панҷрӯди шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш соли 1983 ба факултети забонҳои шарқи ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил мешавад. Баъди як соли таҳсил ба сафи артиш даъват ва пас аз итмоми хидмати дусолаи сарбозӣ таҳсил дар донишгоҳро идома медиҳад. Дар давоми таҳсил давраи коромӯзии яксоларо дар Ҳиндустон анҷом медиҳад.

Баъди хатми донишгоҳ, ки дар соли 1992 бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ мусодиф омад, Абдухалил Холиқзода ба тиҷорат (фурӯши пахта) рӯй овард.

Соли 2008 ҳамроҳ бо сармоягузори эронӣ Бемористони байналмилалии “Ибни Сино”-ро дар Душанбе таъсис дод, ки онро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳи Алиасғари Шеърдӯст, сафири вақти Эрон дар Тоҷикистон боз карданд.


Он яке аз бемористонҳои маъруф дар кишвар аст, ки табибони эронӣ ҳам барои ташхису табобат ҷалб шудаанд. Ин беморхона бештар бо ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард ва гурда маъруф аст.

Дар замони бемории ҳамагири COVID-19 Абдухалил Холиқзода ва командаи ӯ дар сафи пеши мубориза бо ин беморӣ қарор доштанд. Онҳо пайваста аз роҳҳои пешгирӣ ва дармони ин беморӣ суҳбат мекарданд.

Аз ҷумла, дар яке аз мусоҳибаҳо дар рӯзҳои аввали паҳни бемории “COVID-19”, Абдухалил Холиқзода дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “кормандони мо омодаанд, ҷони мардумро наҷот диҳанд”

“Ҳаводиси рӯзгори ман” дар бораи чист ва чаро он баҳсбарангез шуд?

Дар баробари тиҷорат ва кори дармонӣ, Абдухалил Холиқзода ба нависандагӣ ҳам завқ дорад ва бори нахуст дар соли 2018 китоби  тарҷумаҳолии худ бо номи “Моҷарои рафта”-ро чоп кард, дар он зиндагии хешро дар пайванд бо таҳаввулоти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар ба риштаи таҳрир даровардааст. Ин китоб соли 2019 дар Эрон низ ба чоп расид.

“Ҳаводиси рӯзгори ман” китоби дуввуми Абдухалил Холиқзода аст ва ба гуфтаи худаш давоми китоби аввалинаш аст, ки дертар ба қавле ба сараш “мушкил овард”. Он рӯзи 15-уми марти соли равон дар Душанбе дар ҳузури шахсиятҳои фарҳангу адаби кишвар рӯнамоӣ шуд.

Дар он муаллиф саргузашт ва дидаву шунидаҳояшро нақл карда, андешаашро дар бораи ҳаводису падидаҳои гуногуни ҷомеа иброз медорад. Аз ҷумла, аз фазои соҳибкорӣ, фасод, сатҳи пасти фарҳангу таълим дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, ҳамчунон бардошташро аз ҳамкорӣ бо намояндагони маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон баён доштааст.


А. Холиқзода, дар баробари овардани лаҳзаҳои хотирмони зиндагиаш, таърихи замони истиқлолро бозгӯ мекунад. Бахусус, мавзӯъи иқтисоди миллӣ, вазъи иҷтимоӣ, мушкилоти ин соҳа, омилҳои коҳиши иқтисод, роҳҳои аз миён бардоштани саддҳо аз роҳи рушд дар ин китоб оварда шудаанд. Дар китоб ҳамчунин вазъи соҳаи тандурустӣ ва роҳҳои раҳоӣ аз мушкилоти мавҷуда таҳлил гардидааст.

Вай аз ҷумла навиштааст: “Дар солҳои баъд аз истиқлол арзишҳои роиҷ аз қабили донишмеҳварӣ ва шоистасолорӣ хеле зуд суқут карданд. Ҳар кӣ мансабу сарват ва зӯри бозу дошт, бузург дониста мешуд.”

Ба навиштаи Абдухалил Холиқзода, баъд аз таъмини сулҳ дар Тоҷикистон сармоягузорони зиёде вориди кишвар шуданд, вале фишор умеди ин қишрро кам кард. Муаллиф аз боздошти Маъруф Орифов, бунёдгузор ва молики силсилаи фурӯшгоҳҳои "Орима", мисол оварда, чунин амалҳоро мояи нобоварии соҳибкорон ба риояи қонун ва фазои соҳибкорӣ дар кишвар номидааст.

Бо гузашти қариб 2 моҳ аз муаррифии ин китоб дар Душанбе, атрофи муҳтавои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тунде дар робита ба маҳалгароӣ доман афканд.

Муаллифро ба он гунаҳкор мекарданд, ки ба иззати нафси сокинони бархе аз минтақаҳои кишвар расидааст. Худи ӯ моҳи июни имсол танқидҳоро бепоя донист ва дар Фейсбук навишт, “шахсоне, китоби бандаро нахондаанд, дигар ба иштибоҳ наафтанд ва агар ба хондани он азм намоянд, бидуни пешфарз мутолиа намоянд ва худ хулоса бароранд”.

Ҳамин тариқ, дар нимаи моҳи август расонаҳо хабар додаанд, ки Абдухалил Холиқзода, муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” боздошт шудааст ва ба “барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ” (моддаи 189 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) гумонбар мешавад.

Он замон китобфурӯшон гуфтанд, шахсони номаълум китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро аз ҳамаи китобфурӯшиҳои кишвар бидуни шарҳ барчидаанд.

Тақрибан як ҳафта пас, Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дастури боздошти Абдухалил Холиқзодаро шахсан ӯ додааст ва илова кард, ки “мо наметавонем, ки ба кирдорҳои ҷинояткоронаи ӯ гузашт намоем ва ӯ бо тамоми қатъият назди қонун ҷавоб мегӯяд”.

Юсуф Раҳмон тасдиқ кард, ки бар зидди ӯ бо иттиҳоми барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ ё моддаи 189 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Баҳси китоб ё “муборизаи пинҳонии қудрат”?

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ дар рӯзҳои аввали боздошти Абдухалил Холиқзода бо такя ба манбаъҳои худ навишт, ки “парвандаи китоби ӯ метавонад, баёнгари муборизаи пинҳонии қудрат дар долонҳои ҳукумати президент Эмомалӣ Раҳмон бошад”.

Ин манбаи радио, ки ба гуфтаашон наздик ба сатҳи ҳукумати кишвар аст, бо ишора ба ёд шудан ва нақли чанде аз воқеаҳои муҳим аз забони Саидмуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, “ин ҳолат ба Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон фурсати муносиберо пеш овардааст, то нуфузи ду чеҳраи калидии ҳукумат ва ду шахси боварбахши раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ҳадаф қарор диҳад”.

Вай гуфтааст, ки “дар ибтидо баҳс атрофи китоби Холиқзод худҷӯш ва баёнгари эҳсосоти як гурӯҳе буд, ки худро ҳамчун зодаи маҳалҳои муайян таҳқиршуда медонистанд, вале замоне додситонӣ ба он таваҷҷӯҳ кард, ки шарҳҳои онҳо бо дастури маъмурони КДАМ пок карда шуданд”.

Манобеи ин расона афзуданд, ки “миёнаҳои моҳи июл дар нишасте дар дастгоҳи раисҷумҳур Юсуф Раҳмон бо ишора ба ин баҳси фейсбукӣ КДАМ ва ВКД-ро танқид карда, аз онҳо хост, Холиқзодаро боздошт кунанд”.

“Рӯирост бо ишора ба Ятимов ва Раҳимзода мегӯяд, ки наход шумо аз одаме пуштибонӣ кунед, ки зидди ҳукумат менависад,”—гуфтааст, як ҳамсуҳбати ин расона.

Боздошти Абдуқодири Рустам ва ношири китоб

Дар пайи боздошти Абдухалил Холиқзода, дар аввали моҳи сентябр Абдуқодири Рустам, нависанда ва муҳаққиқи шинохтаи тоҷик, ки номаш дар китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” зикр шуда, муаллиф ба ӯ изҳори сипос кардааст, низ боздошт шуд.

Абдуқодири Рустам

Ин хабарро ба “Азия-Плюс” Додситони кулли кишвар тасдиқ карда, гуфт, ки Абдуқодири Рустам дар асоси моддаи 189, қисми 2, банди “г” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне “Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” ҳамчун гумонбар ба ҳабс гирифта шудааст.

Дар пайи ин, гуфтугузорҳо дар бораи боздошти Сӯҳроб Раҷабзода, раҳбари нашриёти “Эр-Граф”, ки китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар он нашр шудааст, пайдо гардид. Вале мақомот то ҳол ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд. Наздикони Сӯҳроб Раҷабзода ҳам бо расонаҳо суҳбат намекунанд.

Бо гузашти инак қариб 5 моҳ қазияи китоби Холиқзода ниҳоӣ нашудааст ва ҳар дафъа расонаҳо аз дароз шудани муҳлати тафтиши он хабар медиҳанд.

Вазорати фарҳанг ва шахсиятҳои алоҳида нашри китобро маҳкум карданд

Баъди боздошти ӯ зоҳиран маъракаи сиёҳкунии китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар сатҳи шахсиятҳои сиёсиву адабӣ оғоз шуд. Бори нахуст китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” ба таври оммавӣ аз ҷониби Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири феълии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, адабиётшинос ва академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар саҳифаи расмии сафорат дар “Фейсбук” интиқод шуд.

Баъдан, мансабдорони дигар, аз ҷумла Эмомалӣ Насриддинзода, мушовири Президенти Тоҷикистон дар бахши иҷтимоъ, Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Хайриниссо Юсуфӣ, муовини раиси ҲХДТ ва ҳатто омӯзгорону собиқадарони меҳнат  муаллиф ва мӯҳтавои китобро танқид карданд.

Аз чап ба рост. Абдуҷаббор Раҳмонзода, Фарҳод Раҳимӣ, Эмомалӣ Насриддинзода, Хайринисо Юсуфӣ
Колаж Азия-Плюс

Дар умум, ҳамаи онҳо Абдухалили Холиқзодаро барои роҳ додан ба ғалатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, норозигӣ аз умури давлатдории имрӯза, шиорзаниҳои авомфиребона, афрӯхтани оташи кинаситезии маҳалливу қавмӣ, бе далел ва дур аз воқеият сухан гуфтан гунаҳкор карда, таъкид намуданд, ки мазмуну моҳияти китоб ба рӯзгори воқеии мардуми тоҷик айният надоранд.

Дар охир, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳам китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро “мухолиф ба меъёрҳои ахлоқӣ ва миллӣ” дониста, онро зери суол бурдани “унсурҳои миллӣ, урфу одатҳои миллӣ, арзишҳои миллӣ” унвон кард.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз нависандагону рӯзноманигорон боздошти Абдухалили Холиқзодаро “нофаҳмӣ” ва нашри китобро “наҳве дар ростои ситоиш ва таҳкими давлату миллат” медонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.