Дар пойтахти Русия – шаҳри Маскав бо иштироки намояндагони ҳукумати Русия, вакилони Думаи давлатӣ, мақомоти шаҳрдории Маскав ва сафорати Тоҷикистон дар Русия маросими ифтитоҳи Маркази фарҳангии «Хайём»-и тоҷикон баргузор гардид.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав, зимни суханрониҳо дар маросими мазкур сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев, собиқ раиси Думаи давлатӣ Геннадий Селезнев ва собиқ сафири Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатифов изҳори боварӣ карданд, ки маркази фарҳангии тоҷикон таҷассумгари расму оин ва фарҳанги қадимаи мардуми Тоҷикистон дар пойтахти Русия гардида, ба таҳкиму густариши муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Русия мусоидат хоҳад кард.

Дар маросими ифтитоҳи марказ ҳамчунин намоишгоҳи офаридаҳои мусаввирони тоҷик низ ба маърази тамошо гузошта шуда, овозхонони маъруфи тоҷик – Далер Назаров, Исматулло Холов ва Равил Фасаҳов хотири ҳозиринро бо таронаҳои марғубу дилишин болида гардониданд.