Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон гузориши дуюми худро омода сохт, ки дар он фаъолияти ин ниҳод дар соли 2011 ва масоили таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар ин давра таҷассум ёфтаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ Азиз Солиев хабар дод, дар гузориш масоили танзими арзу шикояти аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ, такмили қонунгузории ҷумҳурӣ дар самти дифоъ аз ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, роҳандозии ҳамкории мутақобилаи мақомоти давлатӣ ва рушди муносиоботи байнулмилалӣ дар ин соҳа зикр шудаанд.

«Дар гузориш барои таҳкими мавқеи дифоъ аз ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон 83 тавсия қабул шуд. Дар гузориши соли гузашта 58 тавсия мавҷуд буд», - изҳор кард котиби матбуотӣ.

Ба гуфтаи ӯ, гузориши мазкур ба президенти Тоҷикистон, ҳарду палатаи парлумони кишвар, ҳукумати ҷумҳурӣ, Судҳои конститутсионӣ, иқтисодӣ ва олӣ, Прокуратураи генералӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва байнулмилалӣ фиристода хоҳад шуд.

Моҳи майи соли 2009 ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ Зариф Ализода таъин карда шуд. Ӯ ҳуқуқшиноси касбӣ буда, то ишғоли ин мансаб ба ҳайси мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ ифои вазифа мекард.