Нашрияи "Янги Ӯзбекистон" органи нашаротии Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон сайти худро бо забони тоҷикӣ ҳам фаъол кардааст. Дар ин бора худи ин нашрия иттилоъ медиҳад.
Сайти ин нашрия, ки дар интернет бо суроғаи yuz.uz қобили дастрас аст, бахши тоҷики худро дар ин суроға фаъол кардааст - yuz.uz/tj.
Дар шарҳи ин иқдоми худ нашрияи "Янги Ӯзбекистон", навиштааст, ки "ин натанҳо ба тоҷикони Ӯзбекистон, балки ба тоҷикони тамоми ҷаҳон имкон медиҳад, ки иттилооти дақиқ ва шаффофро дар мавриди Ӯзбекистони муосир дарёфт кунанд".
Нашрияи «Янги Ӯзбекистон» 25 январи соли гузашта таъсис шудааст ва ҳоло тақрибан 80 000 нусха нашр мешавад. Ин нашрия ҳоло дар баробари забони тоҷикӣ, ҳамчунин сайти худро бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, инглисӣ ва қазоқӣ низ фаъол кардааст. Нашрия дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам хеле фаъол аст ва ба иттилои худи масъулони он моҳона бештар аз як миллион корбар аз онҳо баҳрабардорӣ мекунад.
Дар Ӯзбекистон то омадани Шавкат Мирзиёев ба қудрат, вазъи расонаҳои тоҷикзабон ба ҳолати буҳронӣ расида буд. Ҳоло ба ҷуз ин ки дар бархе вилоятҳо расонаҳои тоҷикӣ фаъол шудаанд, дар сатҳи давлатӣ, дар ин кишвар нашрияи "Овози тоҷик" ҳамчун органи нашаротии Маҷлиси Олӣ ва Девони Вазирони Ӯзбекистон ба нашр мерасад, ки дафтари марказии он дар шаҳри Тошканд аст. Рӯзномаи "Овози тоҷик" соли 1924 дар Самарқанд таъсис шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба сарбозони исроилӣ. Огоҳӣ барои тахлия аз Рафаҳи Шарқӣ дода шуд
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондани садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад
“Вазъи молиявӣ барои ғолибият таъсир намерасонад!”. Дар Тоҷикистон озмуни “Оилаи намунавӣ” идома дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста