Дирӯз, 3 март дар шаҳри Самарқанд рӯнамоии  нахустин маҷаллаи адабии тоҷикӣ бо номи "Дурдонаи Шарқ", ки дар он намунаҳои эҷоди шоиру нависандагони тоҷикзабони Ўзбекистон, мақолаҳои илмӣ, намунаҳо аз эҷоди шоирони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва тарҷумаҳои эҷодкорон аз адабиёти ӯзбеку ҷаҳон гирдоварӣ шудааст, баргузор гардид.

Тавре сомонаи рӯзномаи "Овози Самарқанд" хабар медиҳад, тасмими нашри маҷаллаи адабӣ ҳанӯз моҳи августи соли 2021 дар нахустин ҷаласаи бахши тоҷикии шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон рӯйи даст гирифта шуда буд.

Гуфта мешавад, ки дар маҷалла намунаҳои эҷоди шоиру нависандагони тоҷикзабониӮзбекистон, мақолаҳои илмӣ, намунаҳо аз эҷоди шоирони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва тарҷимаҳои эҷодкорон аз адабиёти ӯзбеку ҷаҳон гирдоварӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар арафаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шуъбаи вилоятии Итттифоқи нависандагони Ӯзбекистон бахши тоҷикӣ ташкил шуд

- Минбаъд бахши тоҷикии шӯъбаи вилоятии иттифоқ на танҳо минбари шоиру нависандагони Самарқанд, балки мактаби маҳорати эҷодкорони навқалам ва навқадам хоҳад шуд. Боварӣ дорем, ки эҷодкорони собиқадори мо дар ин бобат фаъолӣ нишон дода, анъанаи “устоду шогирд”-ро давом медиҳанд ва ба ҷавононе, ки акнун вориди шоҳроҳи адабиёт мегарданд, роҳнамоӣ мекунанд ва баҳри такмили маҳорати эҷодии онҳо саҳм мегузоранд, - гуфта буд сарвари бахши тоҷикӣ, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, шоир ва мутарҷим Асадуллоҳ Шукуров.
Гурӯҳе аз фарҳангиёни Самарқанд

Ҳамчунин зикр гардида буд, ки дар назди бахш ташкили зершӯъбаҳои наср, назм, нақд, тарҷумонӣ ва сухандонӣ, таъсиси матбааи тобеи бахши тоҷикӣ, ба роҳ мондани чопи маҷаллаи адабии эҷодкорони тоҷикзабони Самарқанд, мунтазам гузаронидани вохӯриҳои адабӣ, мушоираҳо, кашфи истеъдодҳои ҷавон аз байни донишомӯзони мактабҳои ҳамагонӣ ва ғайра мувофиқи мақсад мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.