Сардори нави Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Мансурҷон Умаров изҳор доштааст, ки ояндаи наздик аз муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд, ки дар он беш аз 20 нафар маҳбусон кушта шуданд, боздид мекунад.
Мансурҷон Умарови 53-сола, ки қаблан дар вазифаи муовини раиси КДАМ Тоҷикистон (аз соли 2008) кор мекард, муовини вазири адлия – сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таъин шуд.
Дар суҳбат ба Радиои Озодӣ ӯ қайд кардааст, ки корро дар мақоми нав аз боздиди зиндонҳо, аз ҷумла зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷанд, ки шаби 8 ноябр дар он маҳбусон ба ошӯб даст зада, 23 нафар кушта шуданд, шурӯъ мекунад.
«Умаров тартибот ҷорӣ мекунад»
Дар ҳамин ҳол, собиқадори мақомоти амнияти Тоҷикистон Давлатхоҷа Назиров мутмаин аст, ки Мансурҷон Умаров дар низоми муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ тартибот ҷорӣ мекунад.
Полковники мустаъфии мақомоти амнияти Иттиҳоди Шӯравӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки бо Умаров дар мақомоти амнияти миллӣ ҳамроҳ кор карда, ӯро хуб медонад.
Ӯ муътақид аст, ки роҳбари нави Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ зимни кори қаблӣ дар вазифаҳои гуногун обрӯву нуфуз пайдо кардааст.
«Ӯ мушкилоти пайдошударо дар кор ҷиддӣ омӯхта, дар бартараф кардани он қарори дуруст қабул мекунад. Нисбати тобеъонаш ғамхор буда, ҳолати равонии шахсро хуб мефаҳмад”, - қайд кард Назиров.
Ба гуфтаи номбурда, Мансурҷон Умаров баъди хатми риштаи ҳуқуқшиносии донишгоҳ дар мақомоти амният ба сифати муфаттиш, корманди нозироти назди КДАМ, муовини сардори Раёсати КДАМ дар шаҳри Душанбе кор карда, сипас муддати қариб даҳ сол роҳбарии раёсати муҳофизати президенти ҷумҳуриро бар дӯш дошт. Соли 2010 муовини аввали раиси КДАМ таъин шуд.
Коршинос муътақид аст, ки Умаров дар кор ба саҳлангориҳо роҳ надода, таҳти раҳбарии ӯ дар низоми фаъолияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ тартибот ҷорӣ мешавад.
Қобили зикр аст, ки санаи 23 ноябр бо фармони президенти ҷумҳурӣ Иззатулло Шарифзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон озод ва ба ҷойи ӯ Мансурҷон Умаров ба ин мансаб таъин гардид. Иззатулло Шарифзода муддати беш аз 10 сол дар ин вазифа кор кардааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста