Мутахассиси 46-солаи босниягӣ Кемал Алиспахич сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон таъин шуд.
Тавре котиби матбуотии Федератсияи фуболи Тоҷикистон Фаридун Солиев хабар дод, К.Алиспахич соҳиби иҷозатномаи дараҷаи PRO аст. «Вохӯрии аввалини дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти сарварии сармураббии нав рӯзи 29-уми феврал бо дастаи Кореяи Шимолӣ дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад, ки ин вохӯриии охирини даста дар даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 аст», - гуфт вай.
Ба қавли номбурда, сипас сармураббии нав дастаро ба Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2012, ки 8-уми март дар Непал оғоз мегардад, омода хоҳад кард. «Дар ин мусобиқот дастаи Тоҷикистон дар мусобиқоти гурӯҳи бо дастаҳои Ҳиндустон (9 март), Кореяи Шимолӣ (11 март) ва Филиппин (13 март) қувваозмоӣ мекунад», - иброз дошт Ф.Солиев.
Қобили зикр аст, ки Кемал Алиспахич, қаблан дар дастаҳои "Сараево", "Железничар" (Сараево), "Слобода" (Ужитсе, Сербия), "Дуйсбург" (Олмон), "Кайсериспор" (Туркия) ва "Лозанна-Спорт" (Швейтсария) ба ҳайси футболбоз ҳунарнамоӣ кардааст.
Сар аз соли 1997 ӯ ба сифати армураббии тимҳои "Лозанна" (U-21, Швейтсария), КФ "Этагниерес" (Швейтсария), "Железничар" (Босния ва Герсоговина), "Сараево" (Босния ва Ҳерзеговина), "Сабо" (Эрон), НК "Единство" (Бихач, Босния ва Ҳерзеговина), "Муган"(Саляни, Озарбойҷон), "Ал-Иттиҳод"(Алеппо, Сурия) ифои вазифа намудааст.
Алиспахич чун сармураббӣ дар се чемпионат ва Ҷоми Босния ва Гертсеговина пирӯз шуда, ду маротиба Суперкубоки Босния ва Гертсеговина, як маротиба Ҷоми Сурияро соҳиб шудааст.
Сармураббии пешини дастаи мунтахаби Тоҷикистон Олимҷон Рафиқов дастаи «Истиқлол»-и Душанберо ба чемпионати соли равони ҷумҳурӣ ва мусобиқоти даври интихобии Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё, ки моҳи май баргузор мешавад, омода мекунад.
Дар Суғд куҳансолтарин дарахтонро рӯйхат мекунанд
Тамокукашӣ ва вазни зиёдатӣ: чӣ гуна бо одатҳои бад метавон аз саратон пешгирӣ кард?
Даст ба ҷайби мардум? Ва ё чаро ҳизбҳои сиёсӣ набояд аз буҷети давлат маблағгузорӣ шаванд?
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Ҳукми қатли Бобаки Занҷонӣ бекор шуд. Ӯ кист ва бо Тоҷикистон чӣ иртибот дорад?
Дар “Хуҷанд” маош намедиҳанд. Посухи сармураббӣ
Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 кишвари дигар низоми раводидро бекор кард
“Аз фурудгоҳ ихроҷ карданд, сабабашро нагуфтанд”. Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста