Имрӯз дар Душанбе Президенти Федератсияи футболи Аврупо (УЕФА) Мишел Платини изҳор кард, ки дар марҳилаи кунунӣ узвияти кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба УЕФА имконннопазир аст.

«Соли 1992 ин кишварҳо мустақилона иштирок дар мусобиқоти қораи Осиё, на Аврупоро интихоб карданд», - гуфт зимни нишасти хабарӣ М.Платини.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз агар ҳатто УЕФА аз ин кишварҳо дар ин хусус дархост гирад ҳам, баррасии ин масъала аллакай хеле дер шудааст. «Ин масъалаи душвори сиёсӣ буда, метавонад дар сатҳи олӣ миёни УЕФА ва Конфедератсияи футболи Осиё мухолифат ба вуҷуд оварад», - иброз дошт номбурда.

Платини ҳамчунин изҳор кард, ки дар ҳеҷ ҷое, аз ҷумла дар Тоҷикистон академияи футболи худро таъсис доданӣ нест. «Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ баҳри омӯзишу сайқали таҷрибаи футболбозони ҷавони тоҷик академияи мустақили худро таъсис медиҳад», - афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки президенти Федератсияи футболи Аврупо (УЕФА) Мишел Платини дирӯз бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дидору гуфтушунид анҷом дод.

Президенти УЕФА ҳамчунин бо вазъи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ аз наздик ошно гардида, ба рӯзноманигорон дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки «ин варзишгоҳ ба меъёрҳои талаботи маҳаллӣ ҷавобгӯ аст».