Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба 20 –умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз санаи 3 июн то 5 июни соли равон мусобиқаи вилоятии Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ оид ба бокс дар толори «Ҷашнӣ» баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд санаи 5 июн маросими пӯшидашавии мусобиқаи мазкур дар толори ҷашнии шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, ки дар он Раиси Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Сарфароз Юнусов ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»  Абдунабӣ Сангинов иштирок намуданд. Мусобиқа аз рӯи 22 вазн миёни варзишгарони соли таваллудашон 1998-1999 аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Чкалов, Исфара, Ҷаббор Расулов, Ашт, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Конибодом ва Истаравшан доир гардид. Тибқи иттилои масъулин дар мусобиқа варзишгарон аз 10 шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.

Дар ҷамъбасти мусобиқа Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба ғолибон Ифтихорнома ва медалҳои омоданамудаи Кумиҷроияро тақдим намуданд. Ҷавонони варзишгар аз ин иқдом ва дастгирии Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ бисёр шод гардида, арзи сипоси худро ба ташкилкунандагони мусобиқа баён карданд.