Кумитаи иҷроияи Конфедератсиюни футболи Осиё (КФО) дар ҷаласаи худ, ки 29-уми ноябр дар пойтахти Филиппин – Манила – баргузор шуд, қарори кумитаи мусобиқоти КФО-ро дар бораи тақсимоти квотаҳо ба кишварҳо барои ширкат дар Лигаи қаҳрамонҳо ва Ҷоми КФО-2015-ро пазируфт.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии оимпии ҶТ, дар Ҷоми КФО-2015 Тоҷикистонро ду даста – «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони имсолаи Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми кишвар ва «Хайр»-и Ваҳдат, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон, намояндагӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, «Истиқлол» ба сабқат аз даври гурӯҳӣ, «Хайр» бошад, аз даври плей-офф шурӯъ хоҳанд кард.
Ба «Хайр» барои он ки ба даври гурӯҳӣ роҳ ёбад, ду ғалаба ба даст овардан зарур аст. Дар даври интихобӣ рақиби «Хайр» қаҳрамони Бангладеш - бошгоҳи «Шайх Ҷамол» мебошад. Ин бозӣ 10-уми феврали соли оянда дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар мавриди пирӯзӣ, ”Хайр” дар даври севум ва ҳалкунандаи интихобӣ 17-уми феврал дар сафар бо барандаи Ҷоми Лубнон-2014 - бошгоҳи «Салом Ҷҳарта»- рақобат хоҳад кард.
Қуръакашии даври гурӯҳии Ҷоми АФК-2015 рӯзи 11-уми декабр дар Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия, баргузор мешавад.
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба сарбозони исроилӣ. Огоҳӣ барои тахлия аз Рафаҳи Шарқӣ дода шуд
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондани садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад
“Вазъи молиявӣ барои ғолибият таъсир намерасонад!”. Дар Тоҷикистон озмуни “Оилаи намунавӣ” идома дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста