Рӯзи панҷшанбеи 3 сентябр бозиҳои даври сеюми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 дар Осиё баргузор шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи тоҷикистон, дар гурӯҳи «В», ки мунтахаби миллии Тоҷикистон шомили он аст, чемпиони феълии Осиё, мунтахаби Австралия дар майдони худ бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 мунтахаби Бангладешро шикаст дода, бозии байни мунтахабҳои Урдун ва Қирғизистон дар Амман мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт.

Гуфта мешавад, баъд аз се давр Австралия дар ҷадвали гурӯҳи «В» бо 6 имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад.